Ниме аз хоки Афғонистон таҳти контроли Толибон аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12861-Ниме_аз_хоки_Афғонистон_таҳти_контроли_Толибон_аст
Бозрасии вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон эълом кард, ниме аз хоки Афғонистон таҳти контроли Толибон қарор дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 02, 2017 14:08 Asia/Dushanbe
  • Ниме аз хоки Афғонистон таҳти контроли Толибон аст

Бозрасии вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон эълом кард, ниме аз хоки Афғонистон таҳти контроли Толибон қарор дорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Ҷон Сопко дар нахустин гузориши худ ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико эълом кард, давлати Афғонистон ниме аз хоки ин кишварро дар контроли худ дорад ва теъдоди нерӯҳои амниятӣ рӯ ба коҳиш ва тавлиди маводи мухаддир низ дар ҳоли афзоиш аст.

Дар гузориши Ҷон Сопко омадааст, бо гузашти 15 сол ва миллиардҳо доллар ҳазина дар Афғонистон, акнун раванди бозсозии бархоста аз ҷанги Амрико дар Афғонистон ба кундӣ пеш меравад ва бахше аз ин кӯмакҳои байналмилалӣ ба ин кишвар низ ғайримақсаднок истифода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Афғонистон иддаои Ҷон Сопкоро мабнӣ бар ин ки ниме аз хоки Афғонистон таҳти контроли Толибон қарор дорад, рад карда ва онро беасос хондааст.