Баргузории намози ҷумъа дар фурудгоҳи Кеннеди Ню-Йорк + ВИДЕО
(last modified Sat, 04 Feb 2017 12:05:02 GMT )
Феврал 04, 2017 17:05 Asia/Dushanbe

Ҷамъе аз мусулмонони муқими Амрико бо барпоии намози ҷумъа дар фурудгоҳи Кеннедии Ню-Йорк бо оворагон ва муҳоҷироне, ки аз фармони иҷрои Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико зиён дидаанд, эъломи ҳамбастагӣ доранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, беш аз сад мусулмон дар ин намози ҷумъа ширкат карданд.  Ин мусулмонон ба даъвати муассисоти исломӣ дар Амрико, дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедии шаҳри Ню-Йорк намози ҷумъа баргузор карданд.  Аз замони судури фармони иҷроии Трамп дар мамнуъияти муҳоҷирати муҳоҷирати 7 кишвари исломӣ ба Амрико, то кунун даҳҳо муҳоҷир ва овора дар фурудгоҳи Ню-Йорк боздошт шудаанд.

Барчасп