Ташкили маъракаи таблиғотии "На" - чолиши ҷадид дар муқобили Ҳукумати Туркия
(last modified Mon, 06 Feb 2017 14:11:44 GMT )
Феврал 06, 2017 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ташкили маъракаи таблиғотии

Ҳизби адолат ва тавсеа дар ҳоле аз парлумони Туркия иҷозаи баргузории ҳамапурсӣ барои тағйири Қонуни Асосиро дарёфт кардааст, ки вокунишҳои манфӣ ба чолише барои давлати Анкара табдил шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, аҳзоби мухолиф ва мардум бо ташкили маъракаи таблиғотии "На" ба “истиқбол”-и ҳамапурсии тағйири Қонуни Асосии Туркия хоҳанд рафт. Бинобар ин гузоришҳо, дар рӯзҳои оянда маъракаи таблиғотии "на гуфтан” ба ислоҳоти Қонуни Асосии ҷадид аз сӯйи аҳзоби мухолифи Туркия дар дастури кор қарор мегирад.

Ҷамол Ҷонпулот, раиси шӯъбаи Ҳизби ҷумҳурии халқ дар Истанбул дар суҳбате дар ин бора таъкид кард: "Вориди марҳалаи сахте мешавем ва бори вазнини маъракаи таблиғотии “На” дар ҳамапурсӣ бар дӯшамон аст. Аз рӯзи якшанбе (5 феврал) масъули 95 ҳазор сандуқи назарсанҷиро таъйин ва понздаҳ ҳазору чаҳорсад нафарро дар маҳаллаҳои Истамбул масъули иҷрои корҳои ин маърака кардаем". Ба гуфтаи ин сиёсатмадори турк, мардум “империя”-и тарсро дар ин маърака пушти сар хоҳанд гузошт, зеро ин “империя” баъд аз интихоботи 7 июни Туркия оғоз шуда, дар Ҳизби адолат ва тавсеа террор ба шиддат густариш ёфт. Ба ҳамин далел бояд гуфт, ҳизбе, ки наметавонад амнияту осоиши шаҳрвандони кишварашро таъмин кунад, наметавонад беш аз ин сари қудрат боқӣ бимонад.

Бо талошҳои Ҳизби адолат ва тавсеа, ҳизби ҳоким барои тағйири низоми сиёсии Туркия аз парлумонӣ ба президентӣ, бидуни шак, дар сурати шикасти ҳизби ҳоким дар ҳамапурсӣ вазъи дохилии Туркия бисёр ошуфта хоҳад шуд. Воқеият он аст, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия барои тағйири низоми сиёсии Туркия сармоягузориҳои зиёде кардааст. Ба манзури амалӣ кардани ин ҳадаф ҳазфи шуморе аз дӯстони ҳизбии Эрдуғон, аз ҷумла муассисҳои Ҳизби адолат ва тавсеа, ҳазфи ҳазорон тан аз мухолифони сиёсатҳои таъқиби ҳомиёни Фатҳуллоҳ Гулен дар дохили Туркия ва ҳабси шумори зиёде аз сиёсатмадорони узви парлумони Туркия танҳо бахше аз талошҳои оқои Эрдуғон тайи чанд соли гузашта будааст. Ба ҳар ҳол, дар шароити феълӣ чолиши давлати Анкара бо аҳзоби мухолиф ва мардуми Туркия дар шаҳрҳо аст. Ҳизби адолат ва тавсеа лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Асосиро, ки иборат аз 18 банд аст, ба парлумон пешниҳод кард ва парлумони Туркия низ бо 339 раъй мавзӯи баргузории ҳамапурсӣ барои тағйири ислоҳи Қонуни Асосии Туркияро тасвиб кардааст. Қарор аст, ислоҳи Қонуни Асосӣ баҳори оянда ба ҳамапурсӣ гузошта шавад.

Нишасти парлумони Туркия дар моҳи январ ба манзури баррасии лоиҳаи 18-моддаии ислоҳоти Қонун Асосӣ ба саҳнаи даргирии шадиди намояндагони ҳизби ҳоким бо аслитарин ҳизби мухолиф, яъне Ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия табдил шуд. Бардошти Эрдуғон аз тағйири низоми сиёсии Туркия ин аст, ки бо ислоҳи Қонуни Асосӣ ва тағйири низоми сиёсӣ ба президентӣ ба меҳвари аслӣ дар арсаи сиёсии Туркия табдил хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз хостаҳои раисҷумҳури Туркия бо манфиатҳои дигар давлату миллатҳои минтақа ва ҷаҳон дар тазод буда, бидуни шак, Ҳукумати Туркия бо чолишҳои ҷадидтаре мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Дар як ҷамъбанди куллӣ аз ташкили маъракаи таблиғотии "На" барои ҳамапурсии ислоҳи Қонуни Асосии Туркия бояд гуфт, дар моҳҳои оянда ин компания ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғонро бо чолиши бисёр сахте мувоҷеҳ хоҳад кард. Бавижа, бар асоси назарсанҷиҳо, чунин ба назар мерасад, ки мухолифон тавонистаанд монеи идомаи пешравиҳои раисҷумҳури Туркия ва яккатозии оқои Эрдуғон дар арсаи сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ шаванд.