Феврал 07, 2017 18:50 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти ришва аз мунофиқин: Расвоии ҷадид барои Амрико

Шояд то ба ҳол ҳарфҳои зиёде дар бораи ҳимоятҳои Амрико аз гурӯҳҳои таррористӣ ва ҳатто нақши Амрико дар эҷоди Алқоида ва баҳрабардорӣ аз гурӯҳҳои террористӣ, барои аҳдофи мудохилаҷуёна шунида бошем, аммо мавзуи пардохт ва дарёфти ришва, ҳикояти ҷадиде дар миёнаи баҳсҳои пурравнақ дар бораи терроризм ва мубориза бо терроризм аз навъи амрикоӣ аст.

Ҳимояти Амрико аз гурӯҳаки террористии мунофиқин, ҳикояти тӯлонӣ аст. Хикояте, ки ҳамчунон ҳарфе барои гуфтан фаровон дорад. Ҷадидтарин нақлҳо дар ин замина, гузориши “Associated Press”, аз дарёфти ришваи бархе сенаторҳои Амрико аз сарони мунофиқин аст, то барои инҳо суханронӣ, таблиғ ва лобигирӣ кунанд.

Associated Press дар гузорише навишт, як мақоми кобинаи Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико ва дастикам яке аз мушовирони вай бо дарёфти пул, барои гурӯҳаки террористии мунофиқин суханронӣ кардаанд.

Ишораи сареҳи ин хабаргузорӣ ба Элейн Чао, аст, ки ахиран ба унвони вазири ҳамлу нақли Трамп таъйид шуд. Вай дар соли 2015 дар баробари як суханронии 5 дақиқаӣ барои шохаи сиёсии гурӯҳаки мунофиқин, 50 ҳазор доллар дарёфт кардааст.

Ҳамчунин гуфта шуда, Руди Джулиани-шаҳрдори собиқи Ню-Йорк низ маблағи номушахасе ба изои суханронӣ барои ин гурӯҳ, дарёфт кардааст. Албатта бархе манобеъ пеш аз ин навишта буданд, Нархи маъмул барои як суханронии 10 дақиқаб дар чунин ҷаласот, байни 20 то 40 ҳазор доллар аст. Ин расвоӣ то онҷо пеш рафт, ки Обама, раистҷумҳури пешини Амрико барои таваққуфи ин раванд, ба Вазоратт хазонадорб дастур дода буд, то баррасӣ кунад, ки оё дарёфти пул аз сӯи сиёсатмадорони амрикоӣ дар баробари эроди чунин суханрониҳо, робитаи молӣ бо як гурӯҳи террористӣ, талаққӣ намегардад! ?

Саргузашти мунофиқин дар воқеъ ривояти табдил шудани як гурӯҳаки террористӣ ба як муттаҳид барои Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ аст. Аъзои мунофиқин баъд аз шурӯи иқдомоти барандозона ва террори бисёре аз мардум ва масъулони Эрон, ибтидо ба Париж гурехтанд ва сипас ба Ироқ рафтанд. Дар вақоеъ солҳои 1991 ва 1992 Садом аз аносури мунофиқин барои саркӯби курдҳо истифода кард ва амалиёти наслкушии курдҳои Ироқро тарроҳӣ кард, ки чанд ҳазор зану кӯдак қатли ом шуданд.

Замоне, ки Садом бо ҳамлаи Амрико соқит шуд, Гурӯҳаки мунофиқин ҳамчунон зери чатри ҳимояти Амрико монд ва муддате дар урдугоҳи Либертӣ ва сипас бо лобии Амрико ва Англия ва бо ваъдаҳое, роҳии Албания шуданд, то дар ин кишвари Аврупои Шарқӣ озодона фаъолият кунанд. Ҳатто Амрико, Англия ва Фаронса, ки аз ҳомиёни аслии мунофиқин ҳастанд, ҳозир ба пазириши расмии онҳо дар хоки худ нашуданд; Чун муддаии мубориза бо терроризм ҳастанд. Дар ҳоле, ки бархе фаъолони сиёсӣ ва ҳизбӣ дар Амрико бар ин боваранд, ки чунон чӣ Кохи Сафед бихоҳад дар масири тақобул бо Эрон ҳаракат кунад, мунофиқин метавонанд нақши муҳимме дар ин масир ифо кунанд.

Раймонд Тантер, узви собиқи Шӯрои амнияти миллии Амрико ва аз ҳомиёни мунофиқин, ки китобе аз таҳаррукоти ин гурӯҳ барои хурӯҷи номи худ аз феҳрасти ҳомиёни террор таҳия карда, мегӯяд, ки онҳо гузинае беҳтар аз таҳрим ва ҷанг барои кумак ба пешбурди барномаи Иёлоти муттаҳида алайҳи Эрон ҳастанд. Ин рӯйкардҳо ва иқдомот нишон диҳандаи зовияи нигоҳи иддае аз сиёсатмадорони Амрико ба мунофиқин аст. Аз нигоҳи онҳо, ин ки мунофиқин беш аз 12 ҳазор нафар аз мардуми Эронро террор карда, аҳамияте надорад ва ин ки инҳо мусаббиби куштор чандин ҳазор нафар аз мардуми Ироқ ва курдҳо ҳастанд, муҳим нест ва ҳатто ин ки чаро вазорати хориҷаи Амрико номи мунофиқинро, ки дар замоне дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор дода буд, аз ин феҳраст пок кард, низ масъалае аст, ки набояд дар бораи он сухан гуфта шавад. Ончӣ барои Амрико аҳамият дорад, расидан ба ҳадаф ба ҳар василае аст, ҳатто агар як ташкилоти террористӣ бошад.