Чин дар бораи эҳтимоли ҷанг ба Амрико ҳушдор дод
(last modified 2017-02-08T10:32:25+00:00 )
Феврал 08, 2017 15:32 Asia/Dushanbe
  • Чин дар бораи эҳтимоли ҷанг ба Амрико ҳушдор дод

Вазири хориҷаи Чин дар пайи ташдиди таниш дар равобити Пекин - Вашингтон ҳушдор дод, ҷанг байни Чин ва Амрико барандае нахоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар шароите, ки давлати нави Амрико ҳушдорҳои худро дар бораи ихтилофоти сарзаминӣ дар Дарёи Чини ҷанубӣ ташдид кардааст, Пекин эълом кард, муноқишаи дуҷониба миёни Чин ва Амрико бисёре аз манофеи ду кишварро ба хатар хоҳад андохт.

Ван И вазири умури хориҷаи Чин, ки ба Австралия сафар кардааст, дар суханоне, ки аз телевизиони саросарии ин кишвар пахш шуд, таъкид кард: ҳамаи масъулони сиёсӣ бар ин назар иттифоқ доранд, ки набояд муноқишае миёни Чин ва Амрико шакл бигирад, зеро ҳар ду кишвар ва кулли минтақа дар ин миён ба шиддат зарар хоҳанд дид, ба ҳамин сабаб набояд иҷоза диҳем чунин иттифоқе биафтад.

Рӯи кор омадани Доналд Тарамп дар Амрико нигарониҳои Чинро дар хусуси асли "Чини воҳид", ки мақомоти Пекин бар он таъкид мекунанд ва муноқишоти сарзаминии Чин бо баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ташдид кардааст.

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико эълом кардааст, ки сиёсати Чини воҳид, ки то кунун Вашингтон думбол карда, қобил музокира аст.

Тибқи сиёсати Чини воҳид, Амрико то кунун бо Тайван робитаи дипломатӣ надоштааст.

Мақомоти Пекин зимни маҳкум кардани изҳороти Трамп ҳушдор додаанд, ки агар давлати нави Амрико бихоҳад ин рӯйкардро думбол кунад, як давраи зиёнбор дар равобити Пекин ва Вашингтон иҷтинобнопазир хоҳад буд.

 

Барчасп