Таъкиди Эрдуғон ва Трамп бар тақвияти равобити Туркия ва Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13139-Таъкиди_Эрдуғон_ва_Трамп_бар_тақвияти_равобити_Туркия_ва_Амрико
Раисони ҷумҳурии Туркия ва Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ бар зарурати тақвияти равобити дуҷониба таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 08, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрдуғон ва Трамп бар тақвияти равобити Туркия ва Амрико

Раисони ҷумҳурии Туркия ва Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ бар зарурати тақвияти равобити дуҷониба таъкид карданд.

Ба иттилои Ирно, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонии рӯзи чаҳоршанбеи худ бо Доналд Трамп изҳори умедворӣ кард, ки равобити ду кишвар беш аз пеш тақвият шавад .

Бар асоси ин гузориш, дар ин гуфтугӯ дутараф дар бораи мубориза бо терроризм, ҳамкории муштарак дар минтақа ва бозгардондани Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари гурӯҳи Хизмет аз Амрико ба Туркия табодули назар карданд .

Ин нахустин иртиботи мустақими раисони ҷумҳури ду кишвар аз замони оғоз ба кори давлати ҷадиди Амрикост .

Эрдуғон, ки моил ба дидор аз Амрикост, дар моҳҳои охири ҳузури Обама дар Кохи Сафед равобити тирае бо ӯ дошт ва акнун умеди зиёде ба беҳбуди равобити Анкара бо давлати ҷадиди Вашингтон дорад .