Феврал 11, 2017 16:36 Asia/Dushanbe

Беш аз 300 нафар аз 31 кишвари ҷаҳон, дар мусобиқоти байналмилалии гӯсфандтарошӣ дар Зеландияи Нав, пашми чаҳор ҳазору 500 адад гӯсфандро мезананд.

Ширкаткунандагон дар мусобиқоти суннатии гӯсфандтарошӣ дар Зеландияи Нав, ки ба муддати чаҳор рӯз баргузор мешавад, маҳорати худро дар заминаи гӯсфандтарошӣ ба намоиш мегузоранд.

Марҳалаи ниҳоии ин рақобатҳо имшаб баргузор мешавад.

Ин мусобиқот аз 1977 то кунун ҳар ду ё чаҳор сол якбор баргузор шудааст.