Афғонистон дахолат дар иқдомоти террористӣ дар Покистонро рад кард
(last modified Sat, 18 Feb 2017 15:11:11 GMT )
Феврал 18, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон дахолат дар иқдомоти террористӣ дар Покистонро рад кард

Муовини сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, нақш доштани ин кишварро дар иқдомоти террористии Покистон рад кард.

Ба гузориши телевизиони урдуи шабакаи Саҳар, Шоҳусайн Муртазвӣ рӯзи шанбе дар Кобул гуфт, Афғонистон робитаи дӯстона бо кишварҳои ҳамсояи худро хостор аст ва ба ҳеч ваҷҳ мақомоти Кобул иҷоза намедиҳанд гурӯҳҳои террористӣ аз хоки Афғонистон зидди кишвари дигаре истифода кунанд.

Вай афзуд, Покистон бояд махфигоҳҳои гурӯҳҳои террористиро аз байн бибуарад, то дар минтақа амният барқарор шавад.

Баъд аз инфиҷори террористии панҷшанбеи гузашта, дар иёлати Синди Покистон, ки бар асари он ҳудуди 88 нафар кушта ва беш аз 250 нафар захмӣ шуданд, Покистон муддаӣ шуд, ин дар хоки Афғонистон барномарезӣ мешавад.

Инфиҷори террористии рӯзи панҷшанбе дар иёлати Синди Покистон, ки Ҷамоати Аҳрори вобаста ба гурӯҳи террористи ДИИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт, аз назари теъдоди куштаҳо ва захмиҳо бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар як моҳ гузашта дар Покистон маҳсуб мешавад.