Феврал 19, 2017 10:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Амрико ва Русия дар ҳошияи иҷлоси Мюнхен

Вазирони умури хориҷаи Амрико ва Русия дар ҳошияи иҷлоси амниятии Мюнхени Олмон дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Сергей Лавров гуфт, дар дидори асри шанбе бо Рекс Тиллерсон ҳамтои амрикоиаш дар Мюнхен, дар бораи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва мувофиқати ин кишвар бо қатъномаҳои Шӯрои амният бо ӯ гуфтугӯ кардааст.

 Лавров афзуд, Русия ва Амрико масоили муҳимме пеши рӯ доранд, ки дар бораи он субҳт кунанд ва мо мунтазири шаклгирии комили давлати Доналд Трамп ҳастем.

Конфронси амниятии Мюнхен бо ширкати даҳҳо тан аз мақомоти олирутбаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз рӯзи ҷумъа оғоз шудааст ва то рӯзи якшанбе идома хоҳад дошт.

Дар ин иҷлос, мавзуоти муҳимми байналмилалӣ аз ҷумла ояндаи НАТО, назми ҷаҳонӣ, амнияти инсонӣ, терроризм ва ифротгароӣ, масоили минтақаӣ, шомили авзоъи Осиёи ҷанубу шарқӣ ва Корея, ҷаҳони араб, Сурия ва Украина баррасӣ мешавад.

Барчасп