Август 04, 2016 18:22 Asia/Dushanbe
  • Амрико мудофеи террористҳо дар Сурия

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, Амрикоро мудофеи террористҳо дар Сурия донист.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова, имрӯз кушторҳои густардаи ғайринизомиёни сурӣ аз сӯи гурӯҳҳои террористии таҳти ҳимояти Вашингтонро ваҳшатнок хонд ва гуфт, Амрико мудофеъ ва пуштибони ҷинояткороне аст, ки дар ҳоли қатли оми мардуми Сурия ҳастанд.

Вай афзуд, Амрико ва муттаҳидонаш ҳамчунон аз қотилони занону кӯдакон дар Сурия дифо мекунанд, дар ҳоле ки онон ҳар рӯз ҷиноятҳои бештаре муртакиб мешаванд.

Захарова гуфт, ҷангҷуёни ба истилоҳ миёнарави Нуриддин Занкӣ, ки пеш аз ин муттаҳам ба қатли занону кӯдакон дар Ҳалаб шуда буданд, ду рӯз пеш дар тозатарин ҷиноят дар ин минтақа аз таслеҳоти шимиёӣ истифода карданд.

Вай таъкид кард, ин ҳайвоноти бе раҳм, ки аз маводи саммӣ алайҳи ғайринизомиён истифода мекунанд, аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд.

Шаҳри Ҳалаби Сурия ва манотиқи маскунии он, тақрибан ҳар рӯз шоҳиди ҳамалоти ракетӣ ва мушакии террористҳои мавриди ҳимояти Ғарб аст ва дар ин ҳамалот, шаҳрвандони бе дифои сурӣ кушта ва захмӣ мешаванд.

Барчасп