Дастуруламали ҷадиди Амрико барои афзоиши доманаи ихроҷи муҳоҷирон
(last modified Sun, 19 Feb 2017 08:13:22 GMT )
Феврал 19, 2017 13:13 Asia/Dushanbe
  • Дастуруламали ҷадиди Амрико барои афзоиши доманаи ихроҷи муҳоҷирон

Давлати Амрико дар назар дорад ба ниҳодҳои муҳоҷиратӣ дастур диҳад, то доманаи дастабандиҳои муҳоҷиронеро, ки бояд ихроҷ шаванд, ҳарчи бештар густариш диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, дастуруламали ҷадид барои афзоиши доманаи ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико, ки ба таъйиди Ҷон келлӣ (John Kelly)- вазири амнияти дохилии ин кишвар расидааст, дар Кохи Сафед дар дасти бознигари ниҳоӣ аст.

Қарор аст, дастуруламалҳои ҷадид дар чанд рӯзи оянда дар ихтиёри Идораи муҳоҷират ва иҷроиёти гумрукоти Амрико ва низ Идораи гумрук ва ҳифозати марзии ин кишвар қарор бигирад.

Бар асоси ин фармонҳо, садҳо ҳазор нафар аз ҷумла афроде, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама номашон дар феҳристи авлавиятҳо барои ихроҷ аз Амрико қарор надошт, дар маърази фароянди расидагии сареъ барои ихроҷ аз Амрико қарор хоҳанд гирифт.

Ин дастуруламалҳо бо ҳадафи иҷрои ду фармоне, ки Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико, ки рӯзи 15 январ барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷират ба ин кишвар ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ имзо кард, ба мақомоти масъул иблоғ хоҳад шуд.