29 кушта дар барф ва сармои шимоли ғарби Афғонистон
(last modified Mon, 20 Feb 2017 10:51:34 GMT )
Феврал 20, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • 29 кушта дар барф ва сармои шимоли ғарби Афғонистон

 29нафар аз шаҳрвандони вилоятҳои Фориёб ва Бодғиси Афғонистон бар асари сармои шадид ва арезиши барф дар рӯзҳои ахир ҷони худро аз даст доданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, Ҷовид Бедор, сухангуи раиси вилояти Фориёб гуфт: Бар асари сармо ва резиши шадиди барф дар шаҳрҳои Маймана, Андхуй, Хоҷа Сабзпуш, Билчароғ, Давлатобод, Паштункут ва Гурзиван 26 нафар кушта ва беш аз 10 нафари дигар низ масдум шуданд.

Бедор гуфт: Шумори зиёде аз ҷонбохтагон занону кӯдакон буданд ва 500 хона бар асари барф дар вилояти Фориёб тахриб шудааст .

Вай шумори талафоти дом дар вилояти Фориёб бар асари бориши барфи рӯзҳои ахирро низ 20 ҳазор раъс эълом кард .

Се нафари дигар низ бар асари барфу сармо дар вилояти Бодғис дар шимоли ғарби Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд .

Шумори талафоти сармо ва барф дар зимистони имсол дар манотиқи мухталифи Афғонистон ба беш аз 200 нафар расидааст .