Эҳзори сафири Туркия дар Теҳрон ба ВУХ-и Эрон
Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи изҳороти ғайрисозандаи мақомоти Туркия зидди Эрон сафири он кишварро дар Теҳрон фаро хонд.
Ризоҳакан Такин, сафири Туркия дар Теҳрон асри душанбе аз сӯйи Иброҳим Раҳимпур, муовини Осиё ва Уқёнусияи вазири умури хориҷии Эрон ба Вазорати умури хориҷӣ эҳзор ва маротиби эътирози Эрон ба изҳороти ғайрисозандаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар ҷараёни сафараш ба Аморот, Қатар ва Арабистон, ҳамчунин изҳороти Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар 43-юмин конфронси амниятии Мюнхен ба ӯ эълом шуд.
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳам рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар бораи изҳороти зиддиэронии мақомоти Туркия гуфт: “Вазъияти ошуфта ва нобасомони Туркия боис шудааст, ки баъзе аз сиёсатмадорони ин кишвар рафтору гуфторҳои ноҳинҷоре дошта бошанд ва ба эҳтимоли зиёд ба оқибати он ҳам фикр накарданд”. Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон таъкид кард, изҳороти мақомоти Туркия аз рӯйи асабоният ва барои фарофикании мушкилоте буда, ки бар асари сиёсатҳои ғалат ин кишвар дучори он шудааст.
Раисҷмҳур ва вазири умури хориҷии Туркия дар иддаоҳои беасос ва изҳороти зиддиэронӣ Теҳронро ба мудохила дар умури кишварҳои минтақа ва бесуботии он муттаҳам кардаанд.