Феврал 23, 2017 14:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ аз иҷрои БАРҶОМ

Мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, эълом кард, ҳамаи тарафҳо бояд ба иҷрои БАРҶОМ пойбанд бошанд.

Ба гузориши Тасним, Юкия Амано-мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, тавофуқ ҳастаӣ миёни Эрон ва кишварҳои узви гурӯҳи 5+1мондагор ва побарҷо аст.

Амано таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд будааст.

Ба гуфтаи мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, ин тавофуқ бисёр бештар аз ҳадди тасаввуроти мустаҳкам аст ва пайдо кардани роҳи ҳалли дигаре ба ҷои БАРҶОМ «бисёр мушкил» хоҳад буд.

Амано таъкид кард, Вашингтон ба танҳоӣ наметавонд БАРҶОМ-ро лағв кунад.

Юкия Амано тасреҳ кард, ин як тавофуқ дуҷониба нест ва тавофуқе бо тамоми ҷомеаи байналмилалӣ аст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико пештар муддаӣ шуда буд, бо вуруд ба Кохи Сафед, санади БАРҶОМ-ро пора хоҳад кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, низ ҳамвора эълом кардааст, омодаи муқобила бо коршиканиҳои Амрико аст ва иҷрои тааҳҳудоти тарафайни БАРҶОМ зарурӣ аст.

Барчасп