Ҳазору 700 тон таслеҳоти амрикоӣ барои Ҷабҳаи Аннусра
Русия аз кашфи як анбори таслеҳоти нав ва пешрафтаи амрикоӣ дар наздики шаҳри Ҳалаб дар Сурия хабар дод, ки мутааллиқ ба гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра будааст.
Ба гузориши ИРНА, шабакаи дуввуми телевизиони давлатии Русия имрӯз эълом кард, маҳмулаҳои пинҳоншуда дар ин анбор ҳазору 700 тон таслеҳоти сохти Амрико ва Ғарб аст ки аз тариқи киштӣ ва аз масири Бандари ақабаи Урдун дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор гирифтааст.
Террористҳои узви Ҷабҳаи Аннусра дар ақибнишинии ахири худ дар баробари ҳамлаҳои артиши Сурия, натавонистанд анбори бузурги таслеҳоти пешрафтаи нав ва муҳимоти сохти Ғарб, ба вижа Амрикоро тахлия кунанд ва бо худ ҳамроҳ бибаранд.
Ин анбор шомили хумпораандоз, ҷангафзори зидди танк, мушакҳои ҳидоятшавандаи фавқи пешрафта ва анвои муҳиммот ва норанҷак ва сойири таслеҳоте аст, ки дар амалиёти мухталифи заминӣ ва ҳавоӣ корбурд дорад.
Баррасиҳо нишон медиҳад, бахши умдаи ин таслеҳот 21 июн ва ҳамзамон бо музокироти Русия ва Амрико барои гуфтугӯи сулҳи Сурия бо як киштии амрикоӣ дар Бандари ақабаи Урдун тахлия шуда ва дар ихтиёри террористҳо қарор гирифтааст.
Кӯмакҳои низомии Амрико ба гурӯҳи Ҷабҳаи Аннусра дар ҳолест, ки ин гурӯҳ дар феҳристи терроризми ҷаҳонии Созмони милал қарор дорад.
Як коршиноси низомӣ ба шабакаи телевизионӣ Русия гуфт, бархе аз силоҳҳои мавҷуд дар анбори Ҷабҳаи Аннусра фақат тавлиди инҳисории Амрикост, ки стандартҳои амалиётии артиши ин кишвар ва аъзои Паймони НАТО-ро дорад.
Гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ-арабии зидди давлати Сурия панҷ соли пеш бо ҷазби тундравтарин террористҳои такфирӣ? ин кишвар ва Ироқро гирифтори набардҳои дохилӣ карданд, ки то кунун даҳҳо ҳазор кушта, миллионҳо овора ва вайрониҳои густарда барҷой гузоштааст.