Феврал 25, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди Русия аз бартариталабии ҳастаии Амрико

Шуморе аз мақомоти Думаи Русия ба изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар хусуси бартариталабии ҳастаӣ ва иртиқои тавони зарродхонаи ҳастаии ин кишвар, вокуниш нишон доданд. Трамп дар изҳороти ҷадиди худ бо ишора ба коҳиши тавони Амрико дар тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ таъкид кард, ки ин вазъиятро тағйир хоҳад дод.

Мавзеъгирии ҷадиди Трамп вокуниши тунди русҳоро дар пай доштааст. Маскав акнун бо ин воқеият мувоҷеҳ аст, ки ба рағми хушбинии аввалия дар бораи беҳбуди равобити Амрико ва Русия дар давраи Трамп, раванди авзоъ бар хилофи ин интизор ҷарён ёфтааст. Яке аз масоили мавриди таваҷҷуҳи Трамп аз замони рӯи кор омадан дар 20 январ, иртиқои тавони таслеҳоти ҳастаии Амрико ва дар муқобил дархост барои коҳиши тавонмандии ҳастаии Русия будааст. Табиатан дар ихтиёр доштани тавонмандии ҳастаии стратегӣ барои амнияти миллии Русия аз нигоҳи мақомоти аршади ин кишвар ба масобеҳи хатти қирмизи ғайри қобили муомила талаққӣ мешавад ва ҳаргуна дархосте дар ин замина вокуниши шадиди русҳоро ба дунбол дорад. Камо  инки Константин Косачев, раиси кумитаи равобити хориҷии Дума бо ишора ба шиори Трамп дар муборизоти интихоботӣ яъне "Мо Амрикоро бори дигар бузург мекунем" тасреҳ кард, ки агар маънои ин шиор, бартарии ҳастаӣ аст, вай бо ин кор ҷаҳонро бори дигар ба бадтарин давраи рақобати таслеҳотӣ дар даҳаҳои 1950 ва 1960 боз хоҳад гардонд. Аз дидгоҳи Косачев, ин озордиҳандатарин изҳороти Трамп дар заминаи равобит бо Русия аст. Аз нигоҳи русҳо, рӯйкарди Трамп мубтанӣ бар асли адами тавозуни ҳастаӣ аст, ки бо асли "Баробарии ҳастаӣ" (Nucear Parity), ки дар ҷарёни ҷанги сард, Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва Амрико онро ба масобеҳи беҳтарин роҳ барои тазмини сулҳ пазируфтанд, дар таорузи комил қарор дорад. Аз нигоҳи русҳо, бартарии ҳастаии мавриди иддаои Трамп бештар амре тахайюлӣ аст .

Дар айни ҳол изҳороти ахири Трампро метавон ба масобеҳи зери суол бурдани паймони ҷадиди коҳиши таслеҳоти ҳастаии стратегӣ яъне паймони Старт-2 талаққӣ кард, ки бар мабнои он Амрико ва Русия бояд шумори таслеҳоти ҳастаии стратегии худро ба 1500 шумори саккуҳои партоби онҳоро ба 800 сакку тақлил диҳанд. Дар ҳоле, ки паймони Старт асосан ба масобеҳи шолудае барои тавозун ва суботи ҳастаии байни Амрико ва Русия матраҳ будааст .

Асосан давлати Трамп рӯйкарде фаъол дар заминаи зарродхонаи ҳастаӣ ва стратегияи ҳастаии Амрико иттихоз кардааст. Давлати Амрико ба таври ошкор дигар кишварҳоро таҳдид карда, ки қодир аст, ба баҳонаи дифоъ аз амнияти миллии худ ва ё муттаҳидонаш иқдом ба ҳамлаи пешдастонаи ҳастаӣ намояд. Ин дар ҳолест, ки Русия эълом карда, ки дар докторини низомии феълии Русия, истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоте, ки мавҷудияти ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд, дар назар гирифта шудааст. Чин низ эълом карда, ки иқдом ба ҳамлаи пешдастонаи ҳастаӣ нахоҳад кард ва сирфан ҳангоме, ки мавриди ҳамла қарор бигирад, аз ин таслеҳот истифода хоҳад кард .

 

Барчасп