Бистудувумин иҷлоси Шӯрои вазирони ЭКО дар Исломобод
Бистудувумин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО имрӯз бо ҳузури вузарои хориҷаи 10 кишвари узви ин созмони минтақаӣ дар Исломободи Покистон оғоз шуд.
Ба гузориши ИРНА, Эрон, ки раёсати давраии ЭКО дар сатҳи вазирони умури хориҷаро бар ӯҳда дорад, қарор аст дар нишасти имрӯз дар Исломобод, ин масъулиятро ба Покистон вогузор кунад.
Бистуякумин иҷлоси вазирони хориҷаи ЭКО (иҷлос қаблӣ) дар 26-уми ноябри соли 2013 ба мизбонии Теҳрон баргузор шуд ва аз он замон то кунун Эрон ӯҳдадори раёсати давраии ЭКО дар сатҳи вазирони хориҷа будааст.
Фардо низ қарор аст иҷлоси сарони ЭКО бо ҳузури раисони ҷумҳурии кишварҳои узв дар Исломобод баргузор шавад.
Исломобод рӯзи чаҳоршанбе мизбони сенздаҳумин иҷлоси сарони ЭКО хоҳад буд.
Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, 10 узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ҳастанд.