Март 03, 2017 21:32 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Арабистон барои табдили ҷануби Осиё ба пойгоҳи ваҳҳобият

Давлати Ҳинд бо ибрози нигаронӣ аз тасмими давлати Молдив барои фурӯши як ҷазираи марҷонӣ ба Арабистон, ин иқдомро боиси густариши ифротигарӣ ва терроризм дар минтақа медонад.

Ба гузориши шабакаи “Ал-Олам”, мақомоти Ҳинд мегӯянд, фурӯши як ҷазираи марҷонии Молдив ба Арабистон боиси афзоиши чолишҳои амниятӣ ва фаъолиятҳои террористӣ дар минтақа мешавад.

Бархе аз аҳзоби Молдив низ бо фурӯши як ҷазираи ин кишвар ба Арабистон мухолифат карда, ин иқдоми давлатро хиёнат ба Молдив донистаанд.

Аҳмад Насим, узви Ҳизби демократи Молдив ва вазири умури хориҷаи пешини ин кишвар гуфт, тасмими давлат барои вогузории як ҷазира аз 26 ҷазираи Молдив ба Арабистон, боиси густариши ваҳҳобият дар кишвар мешавад.

 Як узви дигари Ҳизби демократи Молдив, ки хост номаш маҳфуз бимонад, гуфт, Арабистон бо ихтисоси 300 бурсия ба донишҷуёни Молдив низ ба думболи густариши афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонони кишвар аст ва ҳузури устодони арабистонӣ дар донишгоҳҳои Молдив гоми дигаре барои густариши ифротгароӣ аст.

Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, подшоҳи Арабистони Саудӣ қарор аст ба зудӣ ба Молдив сафар кунад.

Молдив бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияташ, бузургтарин кишвари таъминкунандаи нерӯи хориҷии ДИИШ маҳсуб мешавад.

Молдив бо 328 ҳазор нафар ҷамъият, кӯчактарин кишвари қораи Осиё аз назари вусъат ва ҷамъият аст.