Азми Русия бар нобудии комили ДИИШ
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия бар азми ин кишвар барои идомаи мубориза бо ДИИШ, то нобудии комили он таъкид кард.
Ба гузориши ИСНА, Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Русия, афзуд, Маскав бо шариконаш дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамкорӣ хоҳад кард ва ҳамроҳони Русия кишварҳое ҳастанд, ки мутаваҷҷеҳи хатари терроризм шудаанд.
Валентина Матвиенко ба изҳороти мақомоти Вашингтон дар бораи ҳамкорӣ бо Русия дар мубориза бо ДИИШ, ишора кард ва гуфт, Амрико бояд мавозеашро дар бораи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин барқарории робита бо Русия мушаххас кунад.
Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико дар таблиғоти интихоботии худ бар гуфтугӯ бо Русия, барои ҳалли масоили минтақаӣ таъкид карда буд, аммо амалкарди давлати вай, дар чанд моҳи ахир нишон медиҳад, ки барномаи мушаххасе барои барқарории равобит бо Русия надорад.