Инфиҷори террористӣ дар пойтахти Афғонистон
Манобеи хабарӣ аз вуқуи инфиҷори террористӣ дар Кобул хабар доданд.
Ба гузориши ИРНА, инфиҷори худрави бомбагузоришуда субҳи имрӯз дар минтақаи Чаҳорқалъаи Чаҳордеҳӣ, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул ба талафоти теъдоде аз шаҳрвандони ин шаҳр мунҷар шуд.
Аз теъдоди талафоти ин воқеа аммо хабаре мунташир нашудааст ва гуфта мешавад, захмишудагони ин инфиҷор ба бемористон мунтақил шуданд.
Ҳанӯз ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда нагирифтааст.
Ғарби Кобул, ба вижа хиёбони Доруламон, ки сохтмонҳои давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси намояндагону сано, марокизи низомиву амниятӣ ва донишгоҳи амрикоӣ дар он воқеъ шудааст, борҳо ҳадафи бомбагузорӣ ва ҳамалоти террористӣ қарор гирифтааст.
Чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта низ дар ҳамлаи террористӣ дар муқобили як маркази низомӣ дар ғарби Кобул дастикам 16 тан куштаву беш аз 50 тани дигар захмӣ шуданд.