Таъкиди Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар беҳбуди вазъияти занон дар Афғонистон
Дар ҳоле, ки занон дар ҷомеаи бисёр қавмии Афғонистон ҳамчунон қишри фаромӯш шуда маҳсуб мешванд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ -раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии ин кишвар, бар эҷоди муҳити амн барои занон бахусус дар марокизи давлатӣ таъкид кард.
Вай, ки дар остонаи бузургдошти рӯзи ҷаҳонии зан- ҳаштуми март, дар Кобул сухан мегуфт, мубориза бо хушунат алайҳи занон ва коҳиши онро, ниёзманди азми миллӣ ва ҳамкории ҷиддӣ, миёни ниҳодҳои давлатӣ дар Афғонистон донист ва итминон дод, давлати Ваҳдати миллии ин кишвар барои муборизаи ҷиддӣ бо хушунат алайҳи занон, тавонмандсозии иқтисодӣ, тақвияти зарфиятҳо ва тавоноиҳои онон, ҳамчунон мутааҳҳид аст ва барои таҳаққуқи онҳо бештарашон мекунад.
Бо вуҷуди он ки дар соли 2009 қонуни манъи хушунат алайҳи занон дар Афғонистон тасвиб шуд ва барои аввалин бор муҷозотҳои сахте дар ҳимоят, аз занон дар баробари озори ҷинсӣ ва соири рафторҳои хушунатомез дар назар гирифта шудааст, аммо омори хушунатҳо зидди занон дар Афғонистон натанҳо коҳиш наёфта, балки вазъияти занон яке аз муҳиммтарин нигарониҳо ва дағдағаҳои давлати Ваҳдати миллии ин кишвар талаққӣ мешавад.
Хушунати хонагӣ ва издивоҷи иҷборӣ бавижа зери сини қонунӣ аз муҳиммтарин масоили ҷории ҳуқуқи занон дар Афғонистон аст. Бар асоси баррасиҳои сурат гирифта аз сӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон, беш аз 87 дарсади занони ин кишвар аз хушунатҳои равонӣ, физикӣ, ҷинсӣ ё анвоъи хушунатҳои хонаводагӣ ё издивоҷҳои иҷборӣ ранҷ мебаранд. Агарчӣ пас аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, давлатҳои ин кишвар дастовардҳои муҳимме дар арсаҳои мухталифи ҳуқуқи занон аз қабили омӯзиш, беҳдошт ва мушорикати онон дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва маданӣ доштаанд ва занон дар Маҷлиси миллӣ ва маносиби муҳимми давлатӣ низ ҳузур доранд, аммо муъзалоти ин қишр аз ҷомеаи Афғонистон реша дар масоили фарҳангӣ ва иҷтимоии ин кишвар дорад ва барои ҳали асосии онҳо, фарҳанги бархӯрд бо занон дар ҷомеаи Афғонистон бояд тағйир кунад. Ҳарчанд дар шаҳрҳои муҳим ва бузурги Афғонистон монанди Кобул, Мазори Шариф ва Ҳирот, занон аз вазъияти беҳтаре ба лиҳози осори шаҳрнишинӣ бархӯрдоранд, аммо дар бештари манотиқи Афғонистон бахусус дурафтода,занони афғон ҳамчунон бо хушунатҳои мухталифе аз ноҳияи мардон рӯбарӯ ҳастанд. Дар ин шароит дар канори таваҷҷӯҳи давлат ба қишри занон, дастгоҳи қазоии ин кишвар низ метавонад, бо тадвини қавонини лозим дар ҷиҳати ҳимоятҳои ҳуқуқӣ аз занон, ба коҳиши мушкилот ва муъзалоти онон кӯмак кунад.
Илова бар ин, тағйир фарҳанг ва муқобила бо хурофоти иҷтимоӣ дар иртибот бо духтарон ва занон Афғонистон низ ниёзманди корҳои таблиғӣ ва фарҳангсозӣ дар ҷомеаи ин кишвар аст, ки дар ин миён уламо, омӯзиш ва парвариш ва радио ва телевизиони Афғонистон метавонанд, нақши муҳим ва таъсиргузореро ифо кунанд.Бидуни тардид барои таҳаққуқи аҳдофи давлати Ваҳдати миллӣ, ҳамчун ифои нақши занон дар барномаҳои калони миллӣ ба вижа тавсеаи пойдор, кӯмак ба истиқрори сулҳ ва таҳаққуқи мисоқи шаҳрвандӣ, фарҳангсозӣ ва зудудани фарҳанги ғалати қавмӣ, зарурӣ аст.
Тардиде нест бидуни мушорикати занон,тағйир дар ҷомеаи қавмгарои Афғонистон мумкин нест ва ин кишвар барои гузор аз марҳилаи феълӣ ба пешрафт ва тавсеа,ниёзманди доштани ҷомеае аст, ки занон дар сохтани он, аз ҷумла тарбияти насли оянда, нақши муҳим ва таъсиргузоре доранд.