Март 08, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони милали муттаҳид аз сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид гуфт: Сиёсатҳои муҳоҷиратии раисҷумҳури Амрико метавонад ба боздоштҳои густарда дар ин кишвар мунҷар шавад.

Ба иттилои Ройтерс, Зайд Раъд Алҳусайн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар суханронии солонаи худ дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон дар Женева гуфт: Ниёз ба қудрати раҳбарии бузургтаре вуҷуд дорад, то ба афзоиши табъиз ва бадгуӣ аз гурӯҳҳое назири мексикаиҳо ва мусулмонон дар Амрико пардохта шавад .

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид афзуд, ихроҷҳои дастаҷамъӣ низ ба манзалаи нақзи ҳуқуқи байналмилал хоҳад буд .

Зайд Раъд Алҳусайн ҳамчунин талошҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро барои иръоб ва зарба задан ба рӯзноманигорон ва қозиҳо маҳкум кард .

Бар асоси фармони ҷадиди муҳоҷиратии Трамп барои атбои кишварҳои Эрон, Сурия, Яман, Сомали, Судон ва Либия муваққатан виза содир нахоҳад шуд ва паноҳҷуён низ то 120 рӯз наметавонанд вориди Амрико шаванд .

Дар фармони ҷадиди Трамп, номи Ироқ аз феҳристи кишварҳое, ки атбоаш наметавонанд ба Амрико бираванд, ҳазф шудааст .

 

Барчасп