Шикояти Афғонистон аз Покистон ба Созмони Милали Муттаҳид
Давлати Афғонистон ба далели идома ёфтани ҳамалоти мушакӣ ба ин кишвар аз хоки Покистон, ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят кард.
Давлати Афғонистон дар матни ин шикоятнома эълом кардааст, аз 60 рӯзи гузашта то кунун беш аз ҳазору 200 мушак аз Покистон ба хоки Афғонистон шиллик шудааст. Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ин шикоятнома таъкид кард, ки ин ҳамалоти Покистони хатару таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти минтақаву ҷаҳон аст.
Пеш аз ин ҳам дар пайи ҳамалоти мушакии Покистон ба вилоятҳои шарқии Афғонистон, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар, сафири Покистон дар Кобулро эҳзор карда буд. Афғонистон солҳои гузашта низ ба ҳамин далел аз Покистон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят карда буд. Тасмими давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, ба хусус раиси ҷумҳурӣ барои шикоят аз Покистон, замимаи ин парванда ба СММ, баёнгари он аст, ки мақомоти Кобул дар масъалаи ҳамалоти мушакӣ аз хоки Покистон ба Афғонистон сиёсати ҷилавгирӣ аз ташдиди таниши дуҷонибаву сироят ёфтани он ба минтақаро дар дастури кор қарор додаанд. Давлати Афғонистон дар садад баромадааст, ки аз тариқи замимаи парвандаи ҳамалоти мушакӣ аз хоки Покистон, ба Созмони Милали Муттаҳид, аз созукори фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ барои водор кардани Исломобод ба таваққуфи ин ҳамалот истифода кунад.
Баррасии масъалаи ҳамалоти мушакӣ аз хоки Покистон дар шароите аз сӯйи давлати Афғонистон ба СММ ирсол шудааст, ки давлати Исломобод ҳар гуна иқдоми амдӣ барои ҳадаф қарор додани вилоятҳои шарқии ин кишварро рад мекунад. Мақомоти Покистон мегӯянд, ин ҳамалот дар асари шилликҳои иштибоҳии низомиёни артиши ин кишвар ба махфигоҳҳои террористҳо дар марзҳои муштарак бо Афғонистон рух медиҳад ё ин ки ҳамалоти мушакӣ аз сӯйи гурӯҳи Толибон бо ҳадафи бадном кардани Исломобод ва эҷоди ихтилоф байни ду кишвар анҷом мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки давлати Афғонистон бо радди иддаоҳои Покистон таъкид дорад, ки бидуни тавваҷуҳ ба маншаи ин ҳамалот, хоҳони таваққуфи фаврии ин ҳамалот аст.
Бо тавваҷуҳ ба ин ки дар гузашта ҳам шикояти Афғонистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳамалоти мушакӣ аз хоки Покистон ба натиҷае муассир барои таваққуфи ин ҳамалот мунҷар нашудааст, ин эҳтимол матраҳ аст, ки шикояти ҷадиди Кобул аз Исломобод ҳам натавонад тасмими қотеи Созмони Милали Муттаҳидро барои водор кардани Покистон ба таваққуфи ин ҳамалот дар пай дошта бошад.
Коршиносон мегӯянд, Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО беш аз 15 сол аст, ки даргири ҷанг дар Афғонистон ва таҳаввулоти ин кишвар ҳастанд, аммо на танҳо натавонистаанд терроризмро дар Афғонистон маҳор кунанд, балки нишон додаанд, аз тавоноии лозим барои водор кардани Покистон ба ислоҳи сиёсатҳои худ дар қиболи Кобул, аз ҷумла таваққуфи ҳамалоти мушакӣ низ бархӯрдор нестанд.
Бо тавваҷуҳ ба мазмуни ошкори маншури СММ дар бораи нақши Шӯрои амният дар таъмин ва ҳифзи амнияти байналмилалӣ, аз ин шӯро интизор меравад дар қиболи дархостҳои Афғонистон барои баррасии ҳамалоти мушакӣ аз хоки Покистон, ки хисоратҳои ҷониву молӣ ҳам бар ҷой мегузорад, ба таклифи қонунии худ амал кунад.