Март 09, 2017 17:14 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ байни Покистон ва Афғонистон

Гузаргоҳҳои марзии Турхам ва Чаман, байни Покистон ва Афғонистон, ки ба муддати ду рӯз бозкушоӣ шуда буд, бори дигар имрӯз (панҷшанбе) баста шуд.

Ба гузориши шабакаи радио ва телевизиони “Саҳар”-и бурунмарзии Эрон, давлати Покистон эълом кард, дар ду рӯзи гузашта дастикам 24 ҳазор нафар аз гузаргоҳҳои марзии Турхам ва Чаман ба Афғонистон рафтанд ва беш аз 900 нафар ҳам аз Афғонистон вориди Покистон шуданд.

Пеш аз ин ҳам бо баста шудани марзи Турхам ва Чаман, садҳо худрави сабук ва сангини ҳомили маводи ғизоӣ ва доруӣ ва дигар колоҳои асосӣ дар марзҳои Афғонистон ва Покистон мутаваққиф шудаанд.

Равобити Покистон ва Афғонистон дар пайи вуқӯи ҳамалот ва инфиҷорҳои террористии ахир дар Покистон, ки беш аз сад кушта барҷой гузошт, дучори таниш шудааст.

Бо вуҷуди бар ӯҳда гирифтани масъулияти инфиҷорҳои ахир дар Покистон аз сӯйи гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷамоати ал-Аҳрор, тӯпхонаҳои артиши Покистон манотиқи марзӣ дар шарқи Афғонистонро гулӯлаборон карданд, ки бо эътирози давлати Афғонистон мувоҷеҳ шуд.

 

Барчасп