Март 15, 2017 09:49 Asia/Dushanbe
  • Эътирози мардуми Кобул ба амалкарди давлати Афғонистон

Дар пайи ташдиди ҳамалоти хунин дар манотиқи мухталифи Афғонистон, мардуми Кобул-пойтахти ин кишвар бо баргузории тазоҳуроти густурда, ба нотавонии давлати Ваҳдати миллӣ дар таъмини амният, эътироз карданд.

Муътаризон зимни интиқод аз идомаи ноамниҳо дар Афғонистон, хоҳони барканории вазирони дохилӣ ва дифои ин кишвар ва ҳамчунин раиси Оҷонси иттилооти ин кишвар шуданд.

Эътироз ба амалкарди давлати Афғонистон дар бахши амниятӣ, дар ҳоле ба сатҳи умумӣ кашида шудааст, ки ҳудуди се соли пеш бо ташкили давлати Ваҳдат миллӣ, мардуми ин кишвар ба ҳалли мушкилот ва поёни ноамниҳо бисёр умедвор шуданд.

Баъд аз бурузи ихтилоф дар натиҷаи орои интихоботи соли 2014 раёсатҷумҳурӣ, бо ҳамкории Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки худро пирӯзи интихобот медонистанд, давлати Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ташкил шуд. Ин барои аввалин бор дар тӯли таърихи Афғонистон аст, ки чунин давлате бо ҳузури ҳамаи ақвом, мазоҳиб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ташкил шудааст.

Аз онҷо, ки дар гузашта бахши умдаи нооромиҳо дар Афғонистон, ношӣ аз тазоддҳои қавмӣ будааст, ҳамкории раҳбарони онҳо дар қолаби давлати Ваҳдати миллӣ, умедворӣ ба ҳалли мушкилот ва барқарории амният ва суботро дар ҷомеаи Афғонистон афзоиш дод. Зеро барои аввалин бор ҳамаи ақвом ва гурӯҳҳо ва мазоҳиб дар баробари душмани муштарак муттаҳид шуданд. Аммо бо гузашти ҳудуди се сол аз ташкили давлати Ваҳдати миллӣ, мардуми Афғонистон эҳсос мекунанд, ки интизороти онҳо бароварда нашудааст. Зеро муҳиммтарин бахши мушкилот, ки ноомниҳо буд, натанҳо бартараф нашудааст, балки террористҳо ва хушунатталбон имкони иҷрои амалиёт дар ҳассостарин нуқоти Кобулро низ пайдо кардаанд. Ҳамлаи террористӣ ба бемористони низомӣ дар Кобул, дар воқеъ нуфузпазири и дастгоҳҳои амниятиро дар баробари террористҳо нишон дод ва умқи фоҷиа ба ҳадде буд, ки ҳамаи маҳофил сиёсӣ, амниятӣ ва қонунгузорӣ дар Афғонистон дар ин хусус ба давлати Ваҳдати миллӣ, ҳушдор доданд ва хоҳон расидагӣ ба наҳваи нуфузи террористҳо ба бемористони Сардор Муҳаммад Довудхон дар Кобул шуданд, то чунин ҳамалоте такрор нашавад.

Дар ҳоли ҳозир намоди ду қавми муҳим дар Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз паштунҳо ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз тоҷикҳо дар раъси давлати Ваҳдати миллӣ қарор доранд ва илова бар ниҳодҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ ва қавмӣ, мардуми Афғонистон интизори доранд, онон бо поён додан ба ихтилофоти худ ва такмили интисобҳо ва пешбурди тавофуқномаи ташкили давлати Ваҳдати миллӣ, ба буҳронҳои мухталиф дар ин кишвар поён диҳанд.

Имзо тавофуқномаи сулҳ бо Ҳизби исломии Ҳикматёр ва ҳимояти ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ аз он, дастоварди муҳимме барои давлати Ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад ва нишон дод, ки ҳамаи ҷараёнҳои фаъол дар Афғонистон, ҳатто мухолифони сулҳталаб зарурати иттиҳод ва сулҳу  ҳамкориро дар баробар душмани муштарак дарк мекунанд. Аммо идомаи ихтилофот дар баднаи давлати Ваҳдати миллӣ, монанди мӯриёна сохтори онро нобуд мекунад.

Баргузории тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Кобул нишон медиҳад, ки мардуми ин кишвар мекушанд, эътирози худро аз тариқи абзорҳои демократӣ ба гӯши мардум бирасонанд ва сарфи назар аз ин ки ин тазоҳуротро чӣ ҷараён ва гурӯҳе созмондеҳӣ кардааст, метавонад, ҳушдоре ба сарони давлати Ваҳдати миллӣ бошад, ки бо каноргузоштани ихтилофоти худ ва дарки шароит дар ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон гом бардоранд ва ба насли оянда ин кишвар нишон диҳанд, ки кӯҳнасарбозони арсаи сиёсат ва ҷиҳод бо оғози давраи ҷадиде аз таҳаввулоти Афғонистон, канори ҳам барои сохтани Афғонистони обод ва озод талош мекунанд ва мутмаинан ҳамбастагии миллӣ беш аз пеш душманони мардуми Афғонистон ба хусус террористҳоро маъюс хоҳад кард.