Туркия бархе ҳамкориҳо бо НАТО -ро мутаваққиф кард
Дар пайи афзоиши танишҳо миёни Туркия ва кишварҳои Аврупоӣ, Анкара бархе ҳамкориҳо бо НАТО-ро мутаваққиф кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Туркия барномаи ҳамкории 2017-и НАТО бо кишварҳои ғайри аврупоӣ, шомили маросими сиёсӣ, тарҳҳои иҷтимоӣ ва тамринҳои низомиро мутаваққиф кардааст.
Анкара ҳанӯз дар ин бора изҳор назаре накардааст.
Як дипломати аршад дар НАТО таъкид кард, ҳарчи ин танишҳо муддатзамони бештаре идома ёбад, шумори барномаҳои лағв шуда ва маросими ба таъвиқ афтода, миён НАТО ва Туркия бештар хоҳад шуд ва ин ба маънеи мушкилоти музоаф аст.
Анкара дар ҳафтаҳои ахир танишҳои вахимеро бо кишварҳои аврупоӣ монанди Олмон ва Нидерланд шоҳид буд.
Мухолифати давлатҳои аврупоӣ бо баргузории суханронӣ ва таҷаммуоти таблиғотии мақомоти Туркия дар кишварҳояшон, барои ҷамъ кардани раъйи мусбат ба тағйири Қонуни асосӣ дар ҳамапурсии як моҳ оянда, боиси асабонияти беш аз ҳади Анкара шудааст.