Баргузории ҳамоиши Фирдавсии шоири эронӣ дар Лоҳури Покистон
(last modified Thu, 16 Mar 2017 10:49:02 GMT )
Март 16, 2017 15:49 Asia/Dushanbe
  • Биступанҷ мақолаи пажӯҳишии бартар аз сӯйи адибони форсизабони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон ва Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Фирдавсӣ- шоири эронӣ ироа шуд.
    Биступанҷ мақолаи пажӯҳишии бартар аз сӯйи адибони форсизабони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон ва Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Фирдавсӣ- шоири эронӣ ироа шуд.

Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ҳамосасарои бузурги Эрон- ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ пас аз се рӯз дар шаҳри Лоҳури Покистон ба кори худ поён дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин ҳамоиш бо ҳамкории Донишгоҳи  “Эл-Си-бонувон”-и Лоҳур ва Хонаи фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳузури донишмандон, устодони донишгоҳҳо, адибон ва фарҳехтагони Покистон ва кишварҳои минтақа баргузор шуд.

Биступанҷ мақолаи пажӯҳишии бартар аз сӯйи адибони форсизабони кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон ва Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Фирдавсӣ- шоири эронӣ ироа шуд.

Баррасии таъсири Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” бар адабиёти урду, панҷобӣ ва арабӣ, устура ва Шоҳноманависӣ дар ҷаҳон, адабиёт ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ҳунар аз ҷумлаи мавзӯоти матраҳшуда дар ин ҳамоиш буд.