Таъкиди Путин бар густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Sat, 06 Aug 2016 15:49:02 GMT )
Август 06, 2016 20:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Раисҷумҳури исломии Эрон барои ширкат дар Иҷлоси сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон фардо (якшанбе) ба Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон сафар мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Илҳом Алиев, раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон душанбе дар иҷлоси муштараки Боку ҳамкориҳои сеҷониба аз ҷумла дар ҳавзаи бозаргонӣ, энержӣ, иртиботот, масоили зистмуҳитӣ, мубориза бо терроризм, ҳамлу нақл ва транзитро баррасӣ мекунанд.

Раисҷумҳури исломии Эрон дар ҳошияи иҷлоси Боку, дидори дуҷонибае низ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хоҳад дошт ва масоили мавриди алоқа ва сайри ҳамкориҳои Теҳрон-Маскав мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт.

Дар остонаи ин сафар ва дидори сеҷонибаи раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон, Путин тасреҳ кард: Эрон шарики деринаи Русия аст ва Маскав итминон дорад, пас аз тавофуқи БАРҶОМ коҳиши таниш дар робита бо барномаи ҳастаии Эрон ба суди равобити дуҷониба хоҳад буд.

Путин бо ишора ба эҳдоси нахустин нерӯгоҳи атомии Бушеҳр дар ҷануби Эрон бар асоси фанноварии Русия гуфт: Дар бораи сохти ҳашт воҳиди энержии ҳастаӣ дар Эрон бо мушорикати коршиносони Русия низ тавофуқ шудааст.

Раисҷумҳури Русия афзуд: Миёни Эрон ва Русия тарҳҳои бузург дар ҳавзаҳои нафту газ, ҳавову фазо ва тавлиди нерӯи барқ дар дасти таҳия аст.

Путин ҳамчунин омодагии Русияро барои ихтисоси қарзе 2.2 миллиард евроӣ ба Эрон ҷиҳати таъмини молии сохти нерӯгоҳи барқӣ-ҳароратӣ дар наздики шаҳри Бандараббос, ҷануби Эрон ва бозсозии хатти роҳи оҳани Гармсор-Инчабурун дар шимоли шарқи Эрон эълом кард.  

Раисҷумҳури Русия бо ишора ба чашмандози равобити ин кишвар ва Эрон гуфт: Маскав дар ваҳлаи аввал дарсадади густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ бо Теҳрон аст.

Путин афзуд: Дар сафари моҳи ноябри гузашта ба Теҳрон ва дидор бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва низ раисҷумҳури Эрон мутмаин шудааст, руйкарди ҷумҳурии исломии Эрон густариши ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо Русия аст.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, бо масоии муштараки Маскав-Теҳрон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 70 дарсад афзоиш ёфта ва наздик ба 855 миллион доллар шуд.

Раисҷумҳури Русия дар идома бо муҳим арзёбӣ кардани ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар муқобила ва маҳори буҳронҳои минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва хушунатҳои мавҷуд дар наздики марзҳои се кишвар гуфт: Албатта вуҷуди ду конуни бузург бесуботӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна воқеъ дар наздикии марзҳои се кишвар муҷиби нигаронӣ мешавад.

Эрон ва Русия бо таваҷҷуҳ ба марзҳои тӯлонии обӣ ва хокӣ, иштироки манофеи минтақаӣ дар Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин буҳронҳои кунунӣ дар Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон, аз дербоз зарурати ҳамкориҳои танготанги амниятӣ ва дифоиро дарк кардаанд ва акнун ҳам ин мақула ба яке аз муҳимтарин бахшҳои муносибот табдил шудааст.

Раисҷумҳури Русия бо таъкид бар аҳаммияти музокироти густариши ҳамкориҳои амниятии ин кишвар, Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва мубориза бо терроризм дар нишасти сарон дар Боку тасреҳ кард: Се кишвар усули парҳез аз корбурди меъёрҳои дугона дар мубориза бо терроризмро тарвиҷ мекунанд ва саъй доранд, то багунае ҳадди аксарӣ ҳамкориҳои чандҷониба ва амниятиро дар сатҳи сиёсӣ ва ниҳодҳои масъули ин ҳавза густариш диҳанд.