Тайван аз тавони ҳамлаи мушакии худ ба Чин хабар дод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14698-Тайван_аз_тавони_ҳамлаи_мушакии_худ_ба_Чин_хабар_дод
Тайван дар иқдоме бесобиқа ва барои нахустин бор эълом кард, ки тавону қобилияти ҳамлаи мушакӣ ба Чинро дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 17, 2017 16:46 Asia/Dushanbe
  • Вазорати дифои Тайван буҷаи низомияшро беш аз 11 миллиард доллар эълом кард
    Вазорати дифои Тайван буҷаи низомияшро беш аз 11 миллиард доллар эълом кард

Тайван дар иқдоме бесобиқа ва барои нахустин бор эълом кард, ки тавону қобилияти ҳамлаи мушакӣ ба Чинро дорад.

Ба гузориши ИРНА,  вазири дифои Тайван рӯзи панҷшанбе бо ироаи гузорише ба маҷлиси ин ҷазира гуфт, артиши Тайван қобилияти ҳамлаи мушакӣ ба Чинро дорад.

Барои аввалин бор аст, ки Тайван расман Чинро ба ҳамлаи мушакӣ таҳдид мекунад.

Пештар эълом шуда буд, ки Тайван тавони мушакии болое дораду бурди мушакҳои ин ҷазира метавонад фаротар аз ҳазору 500 километр бошад.

 Вазорати дифои Тайван дар муаррифии барномаҳои дифоӣ ба порлумон, мизони буҷети низомии соли ҷории ин ҷазираро низ 11 миллиарду 400 миллион доллар эълом кардааст.

Тайван қасд дорад бахше аз буҷети низомиро ба беҳбуду навсозии ҷангандаҳои F-16 ихтисос диҳад ва ҳатто эълом кардааст, ки аз Амрико ҷангандаҳои радаргурез харидорӣ хоҳад кард.

Чин Тайванро ҷузъи ҷудоинопазири хоки худ медонад.