Март 17, 2017 18:27 Asia/Dushanbe
  • Генерал Қадамшоҳ Шаҳим Покистонро аз эҳтимоли даргирии низомӣ ҳушдор дод
    Генерал Қадамшоҳ Шаҳим Покистонро аз эҳтимоли даргирии низомӣ ҳушдор дод

Раиси Ситоди артиши Афғонистон ба Покистон ҳушдор дод, ки агар ҳамалоти ин кишвар ба манотиқи марзӣ идома ёбад ва талошҳои дипломатӣ натиҷа надиҳад, эҳтимоли даргирии низомӣ миёни ду кишвар имконпазир аст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, генерал Қадамшоҳ Шаҳим, раиси Ситоди артиши Афғонистон дар нишасте бо фармондеҳони низомии Афғонистон хоҳони коҳиши таниш миёни Кобулу Исломобод шуд ва дар бораи идомаи ин вазъият ба давлати Покистон ҳушдор дод.

Ин ҳушдор пас аз он сурат гирифт, ки давлати Афғонистон дар хусуси ҳамалоти мушакии Покистон ба Созмони милал шикояти расмӣ ироа кардааст.

Таниш миёни Исломободу Кобул дар пайи ҳамалоти террористии се ҳафтаи пеш дар иёлатҳои Синду Панҷоби Покистон тшиддат гирифт.

Давлати Исломобод бо муттаҳам кардани давлати Афғонистон ба таъмин накардани амнияти марзҳои муштарак, иқдом ба партоби мушак ба рустоҳои марзии ин кишвар кард, ки боиси ҷон бохтану оворагии бисёре аз сокинони ин манотиқ шудааст.

 

Барчасп