Вазорати хориҷаи Амрико: Фармони Доналд Трамп таълиқ шудааст
(last modified Sat, 18 Mar 2017 04:56:03 GMT )
Март 18, 2017 09:56 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Амрико: Фармони Доналд Трамп таълиқ шудааст

Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард: Сафоратхонаҳо ва консулгариҳои ин кишвар ҳамчунон ба дархости раводид аз тарафи атбои шаш кишвари Эрон, Сурия, Судон, Сомалӣ, Либия ва Яман, ки дар фармони иҷроии Доналд Трамп омадаанд, расидагӣ мекунанд.

Ба иттилои Ирно, дар иттилоияи Вазорати хориҷаи Амрико омадааст: Фармони иҷроии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зидди ин шаш кишвар ҳануз иҷро нашудааст, аз ин рӯ сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Амрико ҳамчунон ба расидагӣ ба дархостҳои раводиди атбои ин кишварҳо ҳамонанди қабл идома медиҳанд

Дар ин иттилоия бо ишора ба дастури додгоҳҳои Амрико дар бораи таълиқи ҳукми Трамп тасреҳ шудааст, ки бар асоси ин ҳукмҳо, Вазорати хориҷаи Амрико низ фармони иҷроии Трампро таълиқ кардааст .

Чаҳоршанбе ва панҷшанбеи гузашта, ду қозии федерали Амрико дар Ҳавайӣ ва Мэриленд эълом карданд: Фармони иҷроии дуввуми Доналд Трамп мабнӣ бар ҷилавгирӣ аз вуруди атбои шаш кишвари умдатан мусулмон ба Амрикоро иҷро нахоҳанд кард .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ахиран бо имзои фармони иҷроии ҷадиде атбои шаш кишвари Эрон, Сурия, Судон, Сомалӣ, Либия ва Яманро аз сафар ба Амрико ба муддати 90 рӯз манъ кард .

Раисҷумҳури Амрико ин фармонро пас аз он содир кард, ки фармони иҷроии қаблии вай дар 27 январ барои манъи вуруди атбои кишварҳои мусулмони Ироқ, Сурия, Эрон, Судон, Либия, Сомалӣ ва Яман ба хоки Амрико, андаке баъд аз сӯи қозии федерали шаҳри Сиэтли иёлоти Вашингтони Амрико лағв шуд .

Фармони ҷадиду қаблии Трамп эътирозоти ҷаҳониро дар пай дошта ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон тасмимоти раисҷумҳури Амрикоро табъизомез ва хилофи қавонини байналмилалӣ донистанд .