Март 18, 2017 19:04 Asia/Dushanbe
  • 20 кушта бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи Амрико

Маркази субти омори хушунатҳои таслиҳотӣ дар Амрико, гузориш дод, бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар, 20 нафар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Маркази субти омори хушунатҳои таслиҳотӣ дар Амрико, рӯз шанбе эълом кард, дар 69 мавриди тирандозӣ гузориш шуда, дар 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи Амрико дастикам 20 нафар кушта ва 36 нафар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, бештари тирандозиҳо дар иёлатҳои Техас, иёлати Ҷорҷё ва иёлати Каролинаи Шимолӣ рӯй дод.

Маркази субти омори хушунатҳои таслиҳотӣ дар Амрико, ҳамчунин гузориш дод, аз ибтидои соли мелодии 2017 то моҳи март, 1206 мавриди тирандозӣ дар шаҳрҳо ва иёлатҳои мухталифи Амрико сабт шудааст, ки дар натиҷаи он токунун 3063 кушта ва 5855 нафар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп