Март 21, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи амрикоии Huffington Post: Арабистон ҳомии терроризм дар ҷаҳон аст

Рӯзномаи амрикоии Huffington Post изъон кард, Арабистон ва ваҳобият ҳомии воқеии терроризм дар ҷаҳон ҳастанд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, 61 гурӯҳе, ки вазорати хориҷаи Амрико онҳоро дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор додааст, аксарашон таҳти нуфузи ваҳобият ва ё таҳти ҳимояти ҳуккоми Саудӣ ҳастанд.

Ин рӯзнома менависад, бар ҳамагон ошкор аст, ки Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ ва такифрӣ ҳимояти молӣ ва низомӣ мекунад ва дар куштори инсонҳои бегуноҳ, нақши муҳимме дорад.

Ба навиштаи рӯзномаи Huffington Post, Амрико бояд ба сиёсатҳои таҷовузкорона ва тавсеаталбонаи худ ва ҳамчунин ҳимоят аз давлатҳое, ки ошкоро аз терроризм ҳимоят мекунад поён диҳад.

Ин рӯзнома менависад набояд, талошҳои дурӯғин ва фиребдиҳандаи Арабистон барои контрол кардани гурӯҳҳои ифротӣ ва нобудии комили онҳо, мавриди таҳсини Амрико қарор бигирад ва бояд бо кишварҳое, ки ба таври махфиёна аз терроризм ҳимоят мекунанд ба шиддат бархӯрд шавад.

 

Барчасп