Ироқчӣ: Амрико бояд дар баробари иқдомоташ зидди Эрон посухгӯ бошад
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Амрико бояд дар баробари иқдомоташ зидди Эрон посухгӯ бошад.
Ба гузориши Порс Тудей, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сармақолаи «Садои Эрон», рӯзномаи интерентии Муассисаи ҳифзу нашри осори оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки вазорати умӯри хориҷаи Эрон, дар чорчӯби дифо аз ҳуқуқи миллати Эрон, пайгирии ҳуқуқӣ ва байналмилалии масъулияти давлати Амрико дар қиболи ҷанги таҳмилии 12 рӯза ва амалиёти террористии ахир дар Эронро ба сӯрати ҷиддӣ ва мустамар дунбол мекунад; гуфт: Амрико бояд дар баробари иқдомоташ посухгӯ бошад. Ироқчӣ бо ишора ба инки шавоҳиди мутқани майдонӣ ва изҳороти расмӣ ба хубӣ нишон медиҳад, ки амалиёти террористии ахир дар Эрон на як нооромии худҷӯш, балки бахше аз пружае ҳадафманд бо пуштибонии иттилоотӣ, расонаӣ ва амалиётии Амрико ва режими саҳюнистӣ будааст; хотирнишон кард: Фаротар аз он, таарруз ба намояндагиҳои сиёсӣ ва консулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бархе кишварҳо, нишонае ошкор аз нақзи Конвенсияҳои 1961 ва 1963 ҳуқуқи дипломатӣ ва консулии Вена ва убӯр аз хутути қирмизи дипломасӣ маҳсӯб мешавад.
Вай хотирнишон кард: Таҳаввулоти ахиру амалиёти террористӣ созмонёфтае, ки дар имтидоди ҷанги таҳмилии 12 рӯза алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рух дод, бори дигар моҳияти воқеии рафтори давлати Иёлоти муттаҳидаро дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрони ошкор сохт, аммо фаротар аз он як пурсиши бунёдинро дар арсаи равобити байналмилал пеши рӯи афкори умумӣ қарор дод: Оё давлатҳо метавонанд бидуни пардохти ҳазина, ба мудохилаи ошкор дар умӯри дохилии соири кишварҳо идома диҳанд? Ироқчӣ афзуд: Омӯзиш, таҷҳизу ҳидояти аносури муҷрим, ташвиқи мустақим ба хушунат ва талош барои бесуботсозии амнияти дохилии Эрон, ҳамагӣ муаллифаҳое ҳастанд, ки ин рухдодҳоро аз сатҳи як эътирози мусолиматомези дохилӣ хориҷ карда ва онро илова бар як амалиёти террористӣ, ба мавзӯе бо абъоди ҷиддии ҳуқуқи байналмилал табдил кардааст.
Гоми ҳуқуқии Эрон; паёми равшан ба низоми байналмилал
Ироқчӣ ҳамчунин афзуд: Мустанадотсозии мудохилоту иқдомоти хасмонаи Амрико зидди Эрон дар ҳоли анҷом аст ва муқаддамоти ҳуқуқии лозим фароҳам шуда то даъовӣ дар назди мароҷеъи зисалоҳи дохилӣ ва байналмилалӣ дар дастури кор қарор гирад. Ин масир бо ҷиддият идома хоҳад ёфт. Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳуқуқи фард фарди миллати Эрон кӯтоҳ нахоҳад омад ва иҷоза нахоҳад дод, ҳимоят аз терроризм ба равияи беҳазина дар низоми байналмилал табдил шавад. Амрико бояд дар баробари иқдомоти худ посухгӯ бошад.