Шикояти хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти ёздаҳуми сентябр аз Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14816-Шикояти_хонаводаҳои_қурбониёни_ҳамалоти_ёздаҳуми_сентябр_аз_Арабистон
Хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти террористии ёздаҳуми сентябр аз режими Саудӣ шикоят карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 21, 2017 16:40 Asia/Dushanbe
  • бо гузашти даҳ сол, ҳанӯз бахши марбут ба Арабистони он маҳрамона боқӣ мондааст
    бо гузашти даҳ сол, ҳанӯз бахши марбут ба Арабистони он маҳрамона боқӣ мондааст

Хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти террористии ёздаҳуми сентябр аз режими Саудӣ шикоят карданд.

Рӯзномаи амрикоии "Ю Эс Эй - тудей” навишт, дар рӯзҳои ахир шикояте дар додгоҳи федералии Манҳеттен, дар ҷануби Ню-Йорк аз сӯйи хонаводаҳои ҳаштсаду панҷоҳ куштаву ҳазору панҷсад захмӣ дар ҳамалоти террористии ёздаҳуми сентябри соли 2001-и Амрико ироа шуд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, додгоҳи федералии Амрико режими Саудиро масъули кӯмак ба бархе аз омилони ин ҳамалот медонад.

Ҳамчунин дар ин шикоят номи мақомоти саудӣ, ки муддати ҳаждаҳ моҳ пеш аз ин ҳамалот бо ҳавопайморабоён дар Лос – Анҷелес, Сан Диего, Соросуто, Вашингтон Ди Си ва Вирҷиния иртибот доштанд, оварда шудааст.

 Пас аз ҳамалоти ёздаҳуми сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк, Конгресси Амрико кумитаеро барои таҳқиқ дар ин робита ташкил дод ва ниҳоятан гузоришеро мунташир кард, ки бо гузашти даҳ сол, ҳанӯз бахши марбут ба Арабистони он маҳрамона боқӣ мондааст.