Март 21, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп пеш аз он ки маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат шавад, аз симмати худ истеъфо хоҳад кард.
    Доналд Трамп пеш аз он ки маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат шавад, аз симмати худ истеъфо хоҳад кард.

Як сенатори демократи амрикоӣ аз истеъфои раиси ҷумҳурии ин кишвар дар рӯзҳои оянда парда бардошт.

Ба гузориши торнамои рӯзномаи “Индепендент”, Дианне Фийнштейн, узви кумитаи қазоии сенат пас аз тазоҳуроти мардуми Лос - Анҷелес зидди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, Доналд Трамп пеш аз он ки маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат шавад, аз симмати худ истеъфо хоҳад кард.

Фийнштейн бо ишора ба ин ки иттилооте дар ихтиёр дорад, ки қодир ба ифшои онҳо нест, изҳор дошт, шаҳрвандони амрикоӣ хоҳони ошкор шудани ҳақиқат ҳастанд.

Шаҳрвандони Лос - Анҷелес дар тазоҳуроти худ аз Конгресси Амрико хостанд барои барканории Трамп иқдомоти лозимро анҷом диҳад.

Тазоҳуркунандагон ҳамчунин Трампро қонуншикан донистанд.

 Ин дар ҳоле аст, ки шаҳрҳои мухталифи Амрико дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди даҳҳо таҷаммуи эътирозӣ зидди раиси ҷумҳурии ин кишвар ва сиёсатҳои вай, аз ҷумла дар хусуси бимаи дармонӣ ва муҳоҷират будааст.

Тарҳи давлати Трамп барои ҷойгузинии бимаи дармонии Барак Абама, раиси ҷумҳурии пешини Амрико миллионҳо тан аз мардуми ин кишварро таҳти таъсир қарор хоҳад дод ва сабаб мешавад, ки онҳо бимаи дармонии феълии худро аз даст бидиҳанд.

 

 

Барчасп