Март 22, 2017 17:53 Asia/Dushanbe
  • Антониу Гутерреш:
    Антониу Гутерреш: "Наврӯз маъное барои кулли ҷаҳониён дорад".

Ойини Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор шуд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Ғуломалӣ Хушрӯ, намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СММ дар ин ойин гуфт, фарҳанги ғании Наврӯз дар тӯли таърих ба парвоз даромадааст ва ҳаргиз бо ҳеҷ “фармони манъи мусофират” қобили таваққуф нест.

Хушрӯ ин изҳоротро дар интиқод аз фармони зидди муҳоҷирати ахири Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷанҷолии Амрико, ки вуруди атбои шаш кишвари Эрон, Сурия, Судон, Сомалӣ, Либия ва Яманро ба Амрико манъ кард, изҳор дошт.

Ғуломалӣ Хушрӯ ҳамчунин бо баёни ин ки баргузории ҷашни Наврӯз дар Созмони Милал ба манзури ташвиқи анҷоми иқдомоти ҷамъӣ аст, афзуд: “Дар замоне, ки арзишҳои асосии инсонӣ, назири танаввӯи фарҳангӣ, сулҳу оштӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳифзи муҳити зист дар маърази таҳдиди доимӣ ҳастанд, беш аз ҳар замони дигаре ниёз ба баргузории оини бузургдошти Наврӯз эҳсос мешавад”.

Дабири кулли Созмони Милал низ дар ойини бузургдошти Наврӯз гуфт: “Наврӯз як оғози ҷадид, як соли ҷадид ва шонсе барои дар канори хонавода ва дӯстон будан аст ва хонаводаи Созмони Милал Наврӯзро ҷашн мегирад, зеро Наврӯз маъное барои кулли ҷаҳониён дорад”.

Антониу Гутерреш хотирнишон кард: Наврӯз замоне барои ёдгирӣ дар бораи якдигар ва ҷаҳонамон ва фурсате барои таҷдиди тааҳҳуд барои барқарории сулҳ, дӯстӣ, ҳуқуқи башар ва шаъни инсоният аст.

Маҷмаи умумии Созмони милал 23-юми феврали 2010 бо тасвиби қатъномае, рӯзи 21-уми мартро дар чорчӯби моддаи 49-и маншури Созмони Милали Муттаҳид ва таҳти унвони фарҳанги сулҳ ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” номгузорӣ кард.

Барчасп