Ҳузури мутарҷимону нависандагони рус дар гурӯҳи террористии ДИИШ
Рӯзномаи русии “известия” аз ҳузури мутарҷимину нависандагони рус дар созмони террористии ДИИШ хабар дод.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Бишкек, рӯзномаи русии “Известия” дар сайти расмии худ аз ҳузури нависандагони рус дар созмони террористии ДИИШ барои тарҷумаи матнҳо ба забони русӣ хабар дод.
ДИИШ ҳамчунин ба дунболи ҷазби нерӯи русӣ барои тарвиҷи маҳаллоту филмҳои ифротӣ ба забони русӣ аст.
Исломгароёни ифротии шаҳрванди Русия ба тарҷумаи филму маҳаллоти электронӣ ба забони русӣ машғул ҳастанд.
Созмонҳои иҷроии қонунии Русия аз вуҷуди 7 маҷаллаи террористӣ ба забони русӣ итилоъ додаанд, ки аввалин нусхаи маҷаллаи террористии “Ромео”, ки тавассути маркази расонаии “Ал-Ҳаёт” тарроҳӣ шуда буд, дар моҳи сентябри соли гузашта ба чоп расид.
ДИИШ ба таври пайваста дар ҳавзаи видео фаъолият мекунад, 5 филми террористии маъруф вуҷуд доранд, ки ба унвони мисол дар яке аз ин видеоҳо фоидаи истифода аз тилло ба ҷойи пулҳои коғазии имрӯзӣ ба исбот мерасад, низоми молии модерн мавриди интиқод қарор гирифта, пирӯзиҳои низомии террористҳову қатлҳои дастаҷамъӣ ба тасвир кашида мешаванд.