Март 26, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия

Амрико дар даври ҷадиди таҳримҳо алайҳи Русия, ҳашт ширкати русиро таҳрим кард. Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи шанбе бо эъломи хабари таҳрими ин ширкатҳо ба иттиҳоми иртибототи тиҷорӣ бо чанд кишвари мавриди таҳрими Амрико эълом кард, ки ин таҳримҳо илова бар таҳримҳои иқтисодиест, ки дар соли 2014 ба хотири илҳоқи шибҳҷазираи Қрим ба Русия ва даргириҳои шарқи Украина, алайҳи Маскав эъмол шудааст.

Ширкатҳои мавриди таҳрими Амрико шомили "Муҷтамаи таъмири ҳавопаймои 150", "Авиаэкспорт", "Базальт", дафтари тарроҳӣ ва сохти абзор"Коломна", "Рособоронэкспорт", муҷтамаъҳои низомии "Жуковский" ва "Гагарин", омӯзишгоҳи ҳавопаймоии ғайринизомӣ дар "Уляновск" ва маркази омӯзиши ҳавопаймоии ғайринизомӣ дар "Урал" мешаванд .

Алорағми пешбиниҳои қаблӣ дар бораи эҳтимоли беҳбуд дар равобити Амрикову Русия пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, зоҳиран давлати ҷадиди Амрико равияе мушобеҳи давлати қаблиро дар қиболи Маскав иттихоз кардааст. Яке аз муҳимтарин мазоҳири сиёсати Вашингтон дар қиболи Маскав, эъмоли таҳримҳои густарда алайҳи Русия ба баҳонаи нақши Маскав дар буҳрони Украина бо илҳоқи шибҳҷазираи Қрим ва низ ҳимояти фаъолона аз мухолифони шарқи Украина будааст. Зимни инки аз дидгоҳи мақомоти амрикоӣ, то замоне, ки Маскав мафоди тавофуқномаи Мински ду, нозир ба ҳалли буҳрони шарқи Украинаро ба иҷро дар наёварад, бояд фишорҳои таҳримӣ алайҳи Русия ҳифз шавад.

Дар воқеъ Трамп, ки акнун бо иттиҳомоти зиёде дар бораи равобити хоси бархе мақомоти давлати ҷадиди Амрико бо Русия, ки аз ҷумла мунҷар ба истеъфои Майкл Флинн, мушовири амнияти миллии вай шуд ва ҳатто иттиҳоми ҳимояти Маскав аз Трамп дар ҷарёни интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо тазъифи мавқеияти  Ҳилларӣ Клинтон, рақиби вай аз Ҳизби демократ рӯ ба рӯст, худро ночор мебинад, ки барои табраа аз ингуна иттиҳомот, рӯйкарди сахтгиронае алайҳи Русия эъмол кунад .

Бадин тартиб алорағми умеди Маскав барои равобити Русия ва Амрико дар давраи Трамп, акнун ин равобит бо чолишҳо ва аммову агарҳои фаровоне мувоҷеҳ шудааст. Аз як сӯ давлати ҷадиди Амрико дақиқан ҳамон равия ва иқдомоти қаблиро дар заминаи бархурд бо Русия идома додааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба идомаи ҳузури низомии Амрико дар шарқи Аврупо ишора кард, ки намунаи боризи он идомаи истиқрори таҷҳизот ва нерӯҳои низомӣ дар кишварҳои шарқи Аврупо бавижа дар се кишвари ҳавзаи Балтика ва низ баргузории размоишҳои муштарак бо ин кишварҳо ва идомаи ҳузури низомӣ дар дарёи сиёҳ аст. Трамп ошкоро бар тақвияти тавонмандии ҳастаии Амрико ва дар муқобил тазъифи ҳарчи бештари тавонмандии ҳастаии Русия пофишорӣ мекунад, масъалае, ки бо мухолифати шадиди Маскав мувоҷеҳ шудааст. Албатта ҷудо аз иқдомот ва мавзеъгириҳои давлати ҷадиди Амрико, русҳо бар ин тасаввур ҳастанд, ки мухолифони Русия дар Конгресси Амрико низ талоши худро бар ҷилавгирӣ аз бурузи ҳаргуна таҳаввули мусбат дар равобити ду кишвар мутамарказ кардаанд. Табиатан идомаи ин раванд муҷиби вогароӣ ва афзоиши ихтилофоти байни Русия ва Амрико хоҳад шуд .

 

Барчасп