Март 27, 2017 10:16 Asia/Dushanbe
  • Пешравии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар ҷануби Арабистон

Ягонҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман муваффақ шуданд, вориди бахшҳое аз Ҷизон дар ҷануби Арабистони Саудӣ шаванд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи хабаргузории Садо ва Симо, манобеи низомии яманӣ эълом карданд, ягонҳои артиш ва кумитеҳои мардумии Яман дар амалиёте ғофилгирона ва дар посух ба ҳамалоти режими мутаҷовизи Саудӣ муваффақ шуданд, вориди манотиқи Алғовия, Албайт Албайз ва Албайт Алсавд дар Ҷизон шаванд. Нерӯҳои муштараки яманӣ тавонистанд шуморе аз муздурони Саудиро ба ҳалокат бирасонанд .

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳамзамон дар амалиёте дигар мавозеи нерӯҳои мутаҷовизи Саудиро дар шимоли саҳрои Мидӣ воқеъ дар устони Ҳаҷҷаи Яман ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он шуморе аз муздурон ба ҳалокат расиданд ва теъдоде ҳам захмӣ шуданд .

Ягонҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман рӯзи якшанбе низ ба гурӯҳе аз муздурони Саудӣ дар устони Мариб, воқеъ дар маркази ин кишвар ҳамла карданд, ки бар асари ин ҳамла дастикам чаҳор муздури Саудӣ ба ҳалокат расиданд.

Режими Оли Сауд аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ба Яман ҳамла кардааст, то Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии ин кишварро ба ҳукумат бозгардонад .

Ҳамалоти Арабистон ба Яман беш аз 11 ҳазор кушта ва дасткам се миллион овора бар ҷо гузошта ва илова бар он хисороти зиёде ба таъсисоти зербиноии ин кишвар ворид кардааст .

 

 

Барчасп