Талоши Британия барои ҷосусӣ аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ
Давлати Британия дар садади ҷосусӣ аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳонаи мубориза бо терроризм аст.
Ба иттилои Ирно, Амбер Рудд, вазири кишвари Британия ба баҳонаи ҳамлаи террористии ахир дар Лондон, дастрасии дастгоҳҳои амниятии ин кишвар ба матолиби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла “Watts Up”-ро хостор шуд .
Амбер Рудд афзуд, ширкати “Watts Up” бояд ба дастгоҳҳои амниятии Британия иҷозаи расади корбарони ин барномаи паёмрасонро бидиҳад ва ин ғайри қобили қабул аст, ки дастгоҳҳои амниятӣ натавонанд паёмҳоеро, ки аз сӯи террористҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол мешавад, бубинанд .
Дар ҳамин ҳол, Тереса Мей, нахуствазири Британия низ гуфт, “Watts Up” боястӣ ба дастгоҳҳои амниятӣ иҷозаи дастрасӣ ба паёмҳои корбаронашро бидиҳад .
Холид Масъуд, омили ҳамлаи террористии Лондон қабл аз анҷоми ин ҳамла, аз тариқи барномаи паёмрасони “Watts Up” матолиберо ирсол карда буд ва полиси Британия дарсадади раҳгирии ин матолиб аст .
Ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Лондон ба кушта шудани 5 нафар ва захмӣ шудани 40 нафар мунҷар шуд .