Эътироф ба фосидии Вашингтон
Олитарин мақоми кумаккунанда дар таҳияи буҷаи Ҳукумати федералии Амрико пойтахти ин кишварро олуда ба фасод гуфт.
Мик Мувлэвини, мудири идораи мудирият ва буҷаи Ҳукумати Амрико дар пайи шикасти ҷумҳурихоҳон дар робита ба нобудии Қонуни ҳифозат аз бемор ва муроқибати наздики камхарҷ, мавсум ба "Obamacare" гуфт, чизе, ки барои ҳукумат ноумедкунанда ва ба навъе омӯзанда буда, ин аст, ки Вашингтон фосидтар аз он чизе аст, ки мақомоти ҳукумат қаблан фикр мекарданд. Вай эътироф кард, ки дар 65 рӯзи аввали фаъолияти ҳукумати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мақомот натавонистанд Вашингтонро тағйир диҳанд.
Мубориза бо фасод дар Вашингтон яке аз ваъдаҳои пурсарусадои Доналд Трамп дар ҷараёни муборизоти интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар соли 2016 буд. Трамп, ки парваришёфта дар фазои фосиди иқтисодии Волстрит буд, дар соли гузашта мубориза бо фасодро дар конуни таблиғоти интихоботии худ қарор дод, то ҳарчи бештар раъйдиҳандагони норозӣ аз вазъи мавҷудро ба самти худ ҷалб кунад. Трамп дар изҳороти камсобиқае сиёсатмадорони вашингтонӣ ва ширкатҳои волстритиро ба фасоду нодида гирифтани манофеи умумӣ муттаҳам карда, ваъда дод, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот фасодро дар Вашингтон аз байн хоҳад бурд. Ин номзади ҷанҷолии ҷумҳурихоҳон то ҷое пеш рафт, ки аз ибораи “кашидани сайфун” барои поксозии системаи фасодзадаи ҳоким дар Амрико истифода кард. Чунин ҳамалоти бесобиқае аз сӯйи яке аз номзадҳои интихоботи риёсатҷумҳурӣ теъдоди зиёде аз ҳомиёнро дар атрофи Трамп ҷамъ кард.
Чандин сол боз мунтақидон ва бархе аз расонаҳо аз вуҷуди фасоди лаҷомгусехтаи сиёсатмадорони куҳна дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат дар Амрико хабар медоданд. Ифшои бархе аз расвоиҳо, чун дарёфти ришваҳои калон ва олудагӣ ба фасоди ахлоқии сиёсатмадорон, ҳамчунин рақобатҳои тамомнашудании соҳибони қудрату соҳибони сарват аз тариқи лоббиҳо ин ахборро таъйид мекард. Дар чунин фазое Трамп бо шиори “Мубориза бо фасод” вориди майдон шуда, Ҳиллари Клинтон, номзади демократҳоро ба унвони рамзи системаи сиёсӣ - иқтисодии фосиди ҳоким дар Амрико шикаст дод. Бо ин ҳол, ҳанӯз 100 рӯз аз умри ҳукумати Трамп намегузарад, ки яке аз мақомоти аршади ин ҳукумат ба нокомӣ дар мубориза бо фасод эътироф кардааст.
Албатта, новобаста аз ваъдаву шиорҳои зидди фасод, ки Трамп дар даврони рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар соли гузашта ба забон ронд, ӯ ҳамкорони худро аз ҳамон табақаву гурӯҳи муттаҳам ба фасод интихоб кард. Мизони сарвати аъзои ҳукумати Трамп дар таърихи ин кишвар бесобиқа аст ва бархе аз мудирону соҳибони ширкатҳои бузург ба курсиҳои вазорату раёсати идороти давлатӣ нишастаанд. Гузашта аз ин теъдоде аз намояндагони Конгресс фармондорони собиқу мудирони аршад дар ҳукуматҳои қаблӣ низ дар ҳукумати Трамп ҳузур доранд.
Таҷрибаи ташкили ҳукумати Трамп ва шеваи бархӯрди ӯ бо бархе аз мавзӯоти ҷанҷолӣ нишон медиҳад, ки системаи сиёсии олуда ба фасод дар Амрико қудратмандтар аз он аст, ки дар баробари шиорҳои зидди фасоди афроде чун Трамп по пас бакашад. Ин мавзӯъ метавонад дар ниҳоят ба сархӯрдагии шаҳрвандон аз ислоҳи умур мунҷар шавад ва Амрикоро дар масири муқобилиятҳои ҷиддитари миёни тӯдаҳои хашмгину нухбагони умдатан фосид қарор диҳад; масире, ки чи басо инқилоби сиёсӣ - иҷтимоиро барои ин кишвар рақам мезанад.