Апрел 03, 2017 19:13 Asia/Dushanbe
  • Фазлҳодӣ Муслимёр аз Русия хост дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад
    Фазлҳодӣ Муслимёр аз Русия хост дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад

Раиси Маҷлиси Сенои Афғонистон ба Русия дар бораи дахолат, дар умури дохилии кишвараш ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Фазлҳодӣ Муслимёр дар нишасти рӯзи якшанбеи ин ниҳод аз Русия хост, аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон худдорӣ кунад.

Мақомоти Афғонистон борҳо бо интиқод аз Русия, ба сабаби ҳимоят аз Толибон, Маскавро муттаҳам кардаанд, ки ин гурӯҳро ба силоҳҳои пешрафта муҷаҳҳаз мекунад.

Бо ин ҳол, сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи якшанбе дар Кобул эълом кард, ҳайате аз вазорати умури хориҷаи ин кишвар, дар нишасти оянда дар бораи Афғонистон дар Маскав ширкат мекунад.

Шоҳ Ҳусайн Муртазвӣ аз баргузории ин нишаст барои кумак ба барқарории сулҳ дар Афғонистон истиқбол кард ва гуфт, Кобул аз гомҳои муассири ҳар кишваре барои барқарории амният дар Афғонистон истиқбол мекунад.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, нишастҳое, ки бо ҳадафи таъмини амният ва барқарории сулҳ дар Афғонистон баргузор мешавад, набояд ба тақвияти террористҳо ва мухолифон бианҷомад.

Нишаст дар бораи авзоъи Афғонистон ба ибтикори Русия бо ширкати 12 кишвар, рӯзи 14 апрел дар Маскав баргузор мешавад.

 

Барчасп