Табааи Қирғизистон гумонбари инфиҷорҳои террористии Санкт-Петербург
(last modified Tue, 04 Apr 2017 11:18:50 GMT )
Апрел 04, 2017 16:18 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷорҳои рӯзи душанбе дар метрои Санкт-Петербурги Русия 14 нафар кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт
    Инфиҷорҳои рӯзи душанбе дар метрои Санкт-Петербурги Русия 14 нафар кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Раиси дафтари матбуотии кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт: Гумонбари инфиҷорҳои террористии Санкт-Петербурги Русия як қирғиз аст.

Ба иттилои хабаргузории Фаронса, Роҳат Сулаймонов рӯзи сешанбе эълом кард, Акбарҷон Ҷалилови 21 сола табааи Қирғизистон, аммо шаҳрванди Русия аст ва мақомоти амниятии ду кишвар барои пешбурди таҳқиқот дар ҳоли ҳамкорӣ ҳастанд .

Пеш аз ин як манбаи амниятии русӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Интерфакси Русия, ҳуввияти омили инфиҷори Санкт-Петербургро ҷавони 23 солаи аҳли кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ карда ва гуфта буд, дурбинҳои истгоҳи метро тасвири ӯро сабт кардаанд .

Дар инфиҷорҳои рӯзи душанбе дар метрои Санкт-Петербурги Русия 14 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд .