Як табааи Қирғизистон, гумонбари инфиҷорҳои террористии Русия
Бори дигар як табааи Осиёи Марказӣ бо анҷоми амалиёти террористӣ дар Русия, хабарсоз шуд.
Дар ин иртибот Роҳат Сулаймонов, раиси дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард: Гумонбари инфиҷорҳои террористии Санкт-Петербурги Русия як фард қирғиз аст .
Ба гузориши хабаргузории фаронса, Роҳат Сулаймонов рӯзи чаҳоруми апрел эълом кард, Акбарҷон Ҷалилов, табааи Қирғизистон, аммо шаҳрванди Русия аст ва мақомҳои амниятии ду кишвар барои пешбурди таҳқиқот дар ҳоли ҳамкории муштарак ҳастанд. Дар паи инфиҷорҳои рӯзи душанбеи гузашта дар метрои Санкт-Петербурги Русия, 14 тан кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд .
Ин нахустин бор нест, ки як табааи Осиёи Марказӣ ба инфиҷорҳои террористӣ даст мезанад. Пеш аз ин низ чандин амалиёти террористӣ дар Русия, Англия, Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон тавассути атбои кишварҳои ин минтақа анҷом шудааст. Бадеҳист, ки фиқдони нигоҳи саҳеҳ ба дини ислом, сӯиистифодаи бархе давлатҳои мураввиҷи ваҳҳобигарӣ дар ҷаҳон бавижа Арабистони Саудӣ аз фақру дармонадгии миллатҳои Осиёи Марказӣ бавижа Қирғизистон, аз ҷумлаи авомили тадовуми амалиёти террористии бархе ҷавонони Осиёи Марказӣ дар ғарб ва ё Русия аст .
Ин дар ҳолест, ки таи ду соли гузашта, ки нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияу Ироқ сахт таҳти фишор қарор гирифтаанд ва дар ҳоли фирор ба дигар кишварҳо ва низ манотиқи амни худ ҳастанд, умдатан ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз гароиш доранд. Бархе расонаҳои минтақа таи моҳҳои гузашта хабарҳои мутааддиде дар бораи ҳузури шаҳрвандони кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар миёни аъзои ДИИШ мунташир кардаанд. Дар ин хабарҳо тасреҳ шудааст, ки бозгашти нерӯҳои ДИИШ ба кишварҳои худ низ метавонад амнияти ин кишварҳо ва ҳатто минтақаро бо хатар мувоҷеҳ созад .
Ин расонаҳо ҳамчунин дар бораи талоши террористҳои ДИИШ барои нуфуз дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор додаанд.
Дар маҷмуъ бояд гуфт, тадовуми вазъияти ҷорӣ ва тақвияти гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти бархе аз давлатҳои муртаҷаи араби ҳошияи Халиҷи Форс метавонад ба бурузи ноамниҳои дигаре дар мантақа табдил шавад. Магар онки давлатҳои ҳоким бар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таоруфоти сиёсӣ бо раҳбарони фирқаи золаи ваҳҳобият дар Арабистони Саудӣ поён диҳанд .