Ҳазинаҳои сарсомовари сафарҳои тафреҳии Доналд Трамп
(last modified Sun, 09 Apr 2017 13:46:55 GMT )
Апрел 09, 2017 18:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаҳои сарсомовари сафарҳои тафреҳии Доналд Трамп

Таҳмил шудани ҳазинаҳои сарсомовари сафарҳои тафреҳии раисҷумҳури Амрико бар буҷети умумии ин кишвар, муҷиби нигаронии сиёсатмадорони амрикоӣ шудааст.

Рӯзномаи Индепенденти чопи Лондон рӯзи якшанбе дар гузорише навишт: Ҳазинаи сафарҳои тафреҳии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба қадре афзоиш ёфтааст, ки дар сурати идомаи ин раванд, ҳазинаи 10 моҳи аввали раёсатҷумҳуриаш бо ҳазинаи ҳаштсоли даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама, раисҷумҳури пешин баробарӣ хоҳад кард .

Дар ин гузориш омадааст: Сафарҳои тафреҳии Доналд Трамп ба иқоматгоҳаш дар Флорида токунун барои молиётдиҳандагони амрикоӣ дастикам 24 миллион доллар ҳазина доштааст, дар ҳоле, ки ин маблағ тақрибан бо ҳазинаи ду соли аввали раёсатҷумҳурии Барак Обама баробар аст .

Тахмин зада шудааст, ки ҳар як аз сафарҳои тафреҳии Трамп ба иллати иқдомоти амниятӣ дастикам се миллион доллар ҳазина дорад .

Ҳамчунин бахши умдае аз буҷети умумии давлати Амрико барои муроқибатҳои амниятӣ аз аъзои хонаводаи Доналд Трамп ҳазина мешавад .