Апрел 12, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои муқобила бо таҳдидҳои Амрико дар Сурия

Раисҷумҳури Русия эълом кард, Маскав барои муқобила бо таҳдидҳои Амрико ва ғарб дар Сурия омодагӣ дорад.

Ба гузориши Ирно, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе бо интиқод аз идомаи душмании Амрикову ғарб алайҳи Сурия гуфт, муттаҳидони Вашингтон дар Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) таҳдидҳои ғайривоқеъбинонаи зидди Сурия матраҳ мекунанд .

Раисҷумҳури Русия афзуд, ҳеч мадраке барои исботи корбурди силоҳи химиявӣ тавассути артиши Сурия вуҷуд надорад, дар шароите, ки қавонини байналмилалиро Амрико нақз кардааст .

Владимир Путин дар идома хотирнишон кард, бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба як кишвари мустақил ҳамла мешавад, аммо бо ин иқдоми ноқизи қавонини байналмилалӣ, ҳамаи муттаҳидони Амрико мувофиқ ҳастанд ва аз иқдомҳои ин кишвар ҳимоят мекунанд .

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин тасреҳ кард, ҷанги Амрико алайҳи Ироқ (2003) мунҷар ба шаклгирии гурӯҳи террористии ДИИШ дар арсаи ҷаҳонӣ шуд .

Нахустин таҷовузи мустақими Амрико дар давраи Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ба мавозеи артиши Сурия бомдоди ҷумъа бо шиллики 59 мушак ба пойгоҳи ҳавоии Алшаирот дар устони Ҳимси Сурия оғоз шуд .

Ин ҳамлаи мушакӣ бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милал ва Конгресси Амрико ва аз новҳои амрикоии мустақар дар дарёи мадитарона ва ба баҳонаи ҳамлаи химиявӣ ба Хон Шайхун дар устони Идлиб дар шимоли ғарбии Сурия анҷом шуд .

Ин дар ҳолест, ки давлати Сурия бакоргирии ҳаргуна силоҳи химиявиро рад кардааст .

 

Барчасп