Поп: Арбобони ҷангро мутаваққиф кунед
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15736-Поп_Арбобони_ҷангро_мутаваққиф_кунед
Поп Франсис -раҳбари католикҳои ҷаҳон дар остонаи “иди поки масеҳиён” ҳушдор дод, арбобон ин ҷанги ҷаҳониро мутаваққиф кунед, онҳо ҷаҳонро нобуд мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 13, 2017 15:25 Asia/Dushanbe
  • Поп Франсис -раҳбари католикҳои ҷаҳон
    Поп Франсис -раҳбари католикҳои ҷаҳон

Поп Франсис -раҳбари католикҳои ҷаҳон дар остонаи “иди поки масеҳиён” ҳушдор дод, арбобон ин ҷанги ҷаҳониро мутаваққиф кунед, онҳо ҷаҳонро нобуд мекунанд.

Поп Франсис рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо рӯзномаи итолиёии “La Repubblica”, бори дигар хостори сулҳи ҷаҳонӣ шуд ва гуфт, даргириҳои ваҳшатноке дар кишварҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки дар он ҳамвора бегуноҳон ва заифтарҳо болотарин ҳазинаро таҳаммул мекунанд.

Вай бо интиқоди шадид аз тавлидкунандагон ва қочоқчиёни аслиҳа гуфт, ин афрод далели ин ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҳастанд, ки қитъа-қитъа ва дар маконҳои мухталиф ҷараён дорад.

Поп фронсис бо нақли як ҷумлаи маъруф аз ҳазрати Исо (ъ), ки «ҳар кас бегуноҳ аст, ӯ аввалин сангро партоб кунад» афзуд, бояд ба даруни худ бангарем ва гуноҳҳоямонро пайдо кунем, ин гуна қалби мо инсонитар мешавад.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон пеш аз ин низ тавлидкунандагон ва қочоқчиёни аслиҳаро афроде бисёр сангдил хонда буд, ки ҳеҷ муҳаббате надоранд ва силоҳҳоро ба ду тарафи даргир мефурӯшанд, то суд бибаранд.

Поп Франсис бо баёни ин, ки ҷаҳони имрӯз ниёз ба инқилоби муҳаббат дорад, гуфт, бояд ҷангҳоро мутаваққиф кард, зеро арзиши ҷони инсон бештар аз сарзаминҳо аст ва бузургтарин душмани Худо, пул аст.