Апрел 15, 2017 16:14 Asia/Dushanbe
  • Нуфузи Оҷонси амнияти миллии Амрико ба системаҳои интиқоли молӣ дар ҷаҳон

Гурӯҳи ҳакерии шиканандагони соя- “Shadow brokers”, Оҷонси амнияти миллии Амрикоро ба нуфуз дар системаҳои интиқоли молӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, муттаҳам кард.

Ба гузориши Пресс Тв, аснод ва мадорике, ки рӯзи ҷумъа тавассути гурӯҳи ҳакерии шиканандагони соя мунташир шуд, нишон медиҳад, Оҷонси амнияти миллии Амрико бо нуфуз ба системаҳои нақл ва интиқоли молӣ дар муассисоти молӣ ва бонкҳо, дар минтақаи Ховари Миёна ва Амрикои Лотин, корбарони ин системаҳоро ба хатар андохтааст.

Гурӯҳи ҳакерии шиканандагони соя бо интишор эълом кард, иттилоотеро дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад, Оҷонси амнияти миллии Амрико ба системпи "Swift" (ҷомеаи ҷаҳонии иртибототи молии байни бонкӣ) дар бисёре аз кишварҳо дастрасӣ дошта ва дар он нуфуз кардааст. Бар асоси асноди мунташир шуда, ин ҳакерҳо ба роёнаҳои ду дафтари шабакаи бонкии "Swift"  дар Белгия, аз ҷумла Eastnets, ки хадамоти фановарӣ дар Ховари Миёна ироа мекунад, нуфуз кардаанд.

Ба назар мерасад, Оҷонси амнияти миллии Амрико бархе муомилоти чанд бонк ва муассисаи молии мустақар дар Кувейт, Дубай, Баҳрайн, Урдун, Яман ва Қатарро расад кардааст.

Ин аснод ва мадорик ҳамчунин нишон медиҳад, ки Оҷонси амнияти миллии Аморика тавонистааст, дар бисёре аз маҳсулоти “Microsoft”, ки дар роёнаҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба вуфур аз онҳо истифода мешавад, халаъҳои мутааддиде пайдо ва аз онҳо баҳрабардорӣ кунад.