Тазоҳуроти ҳомиён ва мухолифони раисҷумҳури Амрико дар Калифорния
(last modified Sun, 16 Apr 2017 10:53:07 GMT )
Апрел 16, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти ҳомиён ва мухолифони раисҷумҳури Амрико дар Калифорния

Тазоҳуроти ҳомиён ва мухолифони раисҷумҳури Амрико, дар иёлоти Калифорния бо даргирии ду гурӯҳи рақиб ба хушунат кашида шуд.

Ба гузориш Presstv, дар таҷаммуи мухолифон ва ҳомиёни раисҷумҳури Амрико дар шаҳри Берклии Калифорния, ки мунҷар ба даргирӣ миёни тарафайн шуд, ҳомиёни Доналд Трамп дар бораи озодии баён суханронӣ мекарданд ва мухолифон низ шиорҳое зидди раисҷумҳур сар медоданд .

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар даргирӣ миёни мувофиқон ва мухолифон бо сиёсатҳои раисҷумҳури Амрико дар Берклӣ, дастикам 21 нафар боздошт шуданд .

Ба гуфтаи Байрон Вайт, сухангуи идораи полиси Берклӣ, дар даргириҳои мувофиқон ва мухолифони раисҷумҳури Амрико ду нафар аз ҷумла як маъмури полис осеб дид.

Таҷаммуи мухолифон ва ҳомиёни раисҷумҳури Амрико дар шаҳри Берклии Калифорния ҳам замон бо муҳлати ироаи изҳорномаҳои молиётӣ дар 15 апрел баргузор шуд .

Ҳазорон нафар аз муътаризони раисҷумҳури Амрико низ рӯзи шанбе дар саросари ин кишвар бо баргузории тазоҳурот, ироаи изҳорномаи молиётии Трампро хостор шуданд.